,
Шанбе, 27-сентябр
Субҳи 27-уми сентябри соли 2025 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи умумии пагоҳирӯзӣ бо ҳузури роҳбарияти донишгоҳ, аз ҷумла ректори он дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ин ташаббус дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ташвиқи фаъолияти варзишӣ миёни ҷомеа, махсусан ҷавонон роҳандозӣ гардида, инчунин ҳамчун як бахши муҳими омодагӣ ба ҷашни 80-солагии таъсиси донишгоҳ амалӣ гардида истодааст.
Машқи субҳгоҳии гурӯҳӣ на танҳо ҳамчун як амал барои қавӣ нигоҳ доштани бадан хидмат мекунад, балки воситаи муҳими таҳкими муҳити ҳамкорӣ, дӯстӣ ва тафоҳум миёни донишҷӯёну устодон ба шумор меравад. Варзиш на танҳо ҷисмро нерӯманд мекунад, балки ирода, интизом ва масъулияти шахсро низ тақвият мебахшад.
Дар ҳамин замина, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта машқҳои ҷисмонӣ бо иштироки ҳайати роҳбарият ва устодону донишҷӯён доир мегарданд, ки дар таҳкими муҳити солим, парвариши ҳисси масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозанд.