,
Шанбе, 27-сентябр
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот ва иҷрои дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 майи соли 2025 вохӯрии раёсати донишгоҳ бо намояндаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили дипломатияи мардумӣ - хонум Эмбер Ора (https://www.facebook.com/share/p/1ZZF7m4F2B/ ) баргузор гардида буд.
Дар ҷараёни он мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти омӯзиши забони англисӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, диққати махсус ба имконияти ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷрибаи забони англисӣ аз ИМА ба донишгоҳ равона гардид.
Дар идомаи ин ҳамкориҳои созанда имрӯз, 26 сентябри соли 2025, шаҳрванди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонум Кеди Дункан ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба сифати омӯзгори забони англисӣ ташриф овард. Ӯ фаъолияти худро ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ дар кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи хориҷӣ дар асоси шартнома идома хоҳад дод.
Дар толори пазироии меҳмонон ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо хонум Кеди Дункан мулоқот анҷом дода, доир ба шароити таҳсил, имкониятҳои таълимӣ, инфрасохтор ва иқтидори илмии донишгоҳ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки ҷалби омӯзгорони хориҷӣ яке аз ҳадафҳои стратегии донишгоҳ дар роҳи такмили сифати таҳсилот ва мутобиқ сохтани барномаҳои таълимӣ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад.
Баъдан хонум Кейди Дункан бо донишҷӯёни факултети филологияи хориҷӣ мулоқот анҷом дода, доир ба аҳамияти омӯзиши забони англисӣ дар ҷаҳони муосир суханронӣ намуд. Ӯ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, то бо истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дониш ва малакаҳои забондонии худро тақвият бахшанд. Мулоқоти самимӣ бо саволу ҷавоб, мубодилаи афкор ва гуфтугӯи озод миёни донишҷӯёну омӯзгорон сурат гирифт, ки шавқу рағбати онҳоро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ боз ҳам афзун кард.
Таъкид шуд, ки татбиқи чунин иқдомҳо дар ростои сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба низоми таълим имконият фароҳам меорад, то сатҳи донишандӯзии ҷавонон ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида шавад.
Изҳори бовар карда шуд, ки фаъолияти хонум Кейди Дункан дар донишгоҳ ба рушди сатҳи забондонии донишҷӯён ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф мусоидат хоҳад намуд.