, Шанбе, 27-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯВИЮ ИҚТИСОДӢ

Имрӯз (26.09.2025) дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили ифтитоҳии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дар маҳфил муаллими калони кафедраи молия ва қарз Ҳаёзода Қиёмиддин, ассистенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Давлаталӣ Абдусаломзода, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Қурбонализода З. ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.

Сараввал Ҳаёзода Қиёмиддин суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Қурбонализода З. баромад намуда, аз мазмуну муҳтавои маърӯзаи интихобгардидаи донишҷӯён дар рафти маҳфили имрӯза маълумот доданд.

Дар идома, донишҷӯи курси сеюми факултет Амирҷони Фаёз бо маърӯзаи илмӣ дар мавзуи “Рушди баҳисобгирии муҳосибӣ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Маърӯзаи мазкур бо далелҳои илмӣ ва таҳлили раванди ташаккули низоми муҳосибӣ дар даврони истиқлол мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт.

Дар қисмати ҷамъбастӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва муҳокимаи мавзуи баррасишуда сурат гирифт. Иштирокчиён баргузории чунин маҳфилҳоро барои тақвияти донишу малакаҳои илмӣ ва таҳқиқотии донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!