, Шанбе, 27-сентябр

ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ - ДАР МЕҲВАРИ МУҲОКИМАҲОИ МИНТАҚАВӢ ОИД БА РУШДИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ


ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ - ДАР МЕҲВАРИ МУҲОКИМАҲОИ МИНТАҚАВӢ ОИД БА РУШДИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Аз 24 то 26 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ-машваратӣ дар доираи лоиҳаи “Accelerating English Language Learning in Central Asia (AELLCA)”-“Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Ин ҳамоиши сатҳи баланд бо ташаббуси Шурои Британияи Кабир ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими сифати таълими забони англисӣ дар минтақа роҳандозӣ шуд.

Семинар намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро, ки ба омода намудани омӯзгорони забони англисӣ машғуланд, гирди ҳам овард ва мубоҳисаву муҳокимаҳои судмандеро дар самти таҷриба, мушкилот ва роҳҳои ислоҳи соҳа фароҳам овард.

Дар ин чорабинии бонуфуз кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳайати Аюбзода Сафар Аюб- муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, Муродзода Баҳриддин- сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва Қурбонов Кароматулло-сардори маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон”, иштирок намуданд.

Семинар бо иштироки коршиносон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони Шурои Британия ва мақомоти давлатӣ гузаронида шуда, дар он масъалаҳои муҳими рушди малакаи омӯзгорӣ, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ва истифодаи методикаҳои инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар поёни семинар, пешниҳоди таҳияи лоиҳаи алоҳида барои Тоҷикистон дар доираи барномаи минтақавии AELLCA бо дарназардошти афзалиятҳои миллӣ пазируфта шуд - иқдоме, ки метавонад марҳалаи наве дар рушди омӯзиши забони англисӣ дар кишвар гардад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!