, Шанбе, 27-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "ХИМИКОНИ ҶАВОН"


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "ХИМИКОНИ ҶАВОН"

Имрӯз (25.09.2025) дар толори Экстенди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили "Химикони ҷавон"-и назди кафедраи химия ва методикаи таълими он бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафеда, роҳбари маҳфил ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Дар маҳфил Сайфуллои Муродалӣ, донишҷӯи курси чоруми факултет дар мавзуи “Усулҳои омӯзиши микроэлементҳо дар таркиби обҳои ошомиданӣ” андешаҳои худро ироа намуд. Сипас, Неъматова Маҳина, донишҷӯи соли якум, бо маърӯзаи пурмазмун дар мавзуи “Корхонаҳои саноатии химиявии Тоҷикистон” баромад карда, нақши саноати кимиёиро дар рушди иқтисод ва илм шарҳ дод. Дар идома Давлатова Нурбону, донишҷӯи соли якум, дар мавзуи “Навъҳои реаксияҳои химиявӣ” баромад намуда, масъалаҳои назариявию амалӣ вобаста ба мавзуъро тавзеҳ дод.

Ҳамзамон, дар қисмати амалӣ донишҷӯён бо истифода аз усулҳои лабораторӣ таҷрибаи ҳосил кардани гидрооксиди магнийро нишон доданд, ки таваҷҷуҳи устодон ва ҳамсабақони онҳоро ҷалб кард.

Дар анҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва муҳокимаи мавзуъҳо сурат гирифт. Иштирокчиён баргузории чунин маҳфилҳоро барои тақвияти донишҳои назариявӣ ва амалӣ, инчунин ҳавасмандии донишҷӯён ба омӯзиши фанни химия муҳим арзёбӣ карданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!