, Шанбе, 27-сентябр

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК


СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК

Рӯзи 25-уми сентябри соли 2025 дар кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявии назди кафедра баргузор гардид. Семинар бо ҳузури омӯзгорони соҳибтаҷриба ва муҳаққиқони ҷавон дар фазои созанда, андешаронӣ ва мубоҳисаи озод ҷараён гирифт.

Дар ин семинар дотсенти кафедра Холиқова Зайналбӣ бо маърӯзаи пурмазмун ва таҳлилӣ таҳти унвони «Искандари Хатлонӣ-шоири ватансаро» суханронӣ намуд. Маърӯза паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти адибро фаро гирифта, саҳми ӯро дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва ғояи ватандӯстӣ бо далелу нуктаҳои тозаи таҳқиқотӣ рушан сохт. Мавзуи пешниҳодгардида вокуниши мусбат ва муҳокимаи густурдаи иштирокдоронро ба бор овард.

Сипас, мудири кафедра, дотсент Шамшоди Ҷамшед суханронӣ намуда, дар мавриди интихоби мавзуъҳои рисолаҳои хатм, магистрӣ ва доктор PhD аз рӯи ихтисос маслиҳатҳои муфид пешниҳод кард. Ӯ зарурати риояи усули таҳқиқи илмӣ ва пайванд додани мавзуъҳо ба ниёзҳои замони муосирро махсус таъкид намуд.

Семинар бо мубодилаи озоди андешаҳо, баён гардидани пешниҳодҳои судманд ва баҳсу баррасиҳои созанда ҷамъбаст гардида, боз як қадами устувор дар роҳи тақвияти муҳити илмии кафедра ва густариши тафаккури таҳқиқотии омӯзгорон арзёбӣ гардид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!