, Шанбе, 25-июл

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

Имрӯз, 25 сентябри соли 2025, дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Маърифати молиявӣ”, ки дар назди кафедраи молия ва қарз фаъолият мекунад, баргузор гардид. Дар кори маҳфил роҳбари маҳфил ва гурӯҳи донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.

Маҳфилро роҳбари он Муҳаммадҷони Азизуло оғоз намуда, дар бораи нақш ва аҳамияти баланд бардоштани саводнокии молиявӣ дар шароити муосир суханронӣ кард.

Баъдан, Шамсова Ҳидоятбону, донишҷӯи соли чоруми ихтисоси кори бонкӣ, зери роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Комилзода Низомиддин, бо маърӯза дар мавзуи “Роҳҳои танзим ва назорати асъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Маърӯза бо мисолҳои равшан ва таҳлилҳои муфид ҷараён гирифта, таваҷҷуҳи донишҷӯён ва устодонро ҷалб кард.

Дар анҷоми маҳфил миёни донишҷӯён ва омӯзгорон мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва баррасии масъалаҳои муҳими иқтисодӣ сурат гирифт. Иштирокчиён баргузории чунин маҳфилҳоро барои таҳкими донишу ҷаҳонбинии иқтисодии донишҷӯён муҳим ва судманд арзёбӣ карданд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_6brso6bjp3laq4f6gsmjohbefq in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_6brso6bjp3laq4f6gsmjohbefq): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_grlo4vakof2pti2p7t4ppukdod in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_grlo4vakof2pti2p7t4ppukdod): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274