, Шанбе, 27-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДӮСТДОРОНИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДӮСТДОРОНИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ”

Таърихи 25 сентябри соли 2025 дар толори Экстенди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Дӯстдорони забони англисӣ”-и назди кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи хориҷӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар кори маҳфил донишҷи курси чоруми факултет Самадзода Толиб дар мавзуи “Интихоби касб: беҳтарин маслиҳатҳо аз тамоми ҷаҳон” баромад намуда, зарурати интихоби огоҳонаи касбро барои ҷавонон таъкид кард. Сипас, Фахриева Ясмина дар мавзуи ҷолибу омӯзанда — “Сайёҳат дар ҷаҳон” маърӯзаи худро ироа кард, ки бо мисолҳои равшан ва далелҳои муфид таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.

Дар қисмати ҷамъбастии маҳфил миёни донишҷӯён ва маърӯзачиён мубодилаи афкору андеша сурат гирифт. Иштирокчиён баргузории чунин маҳфилҳоро барои рушду такмили ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани маҳорати нутқӣ ва ҳавасмандии ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ муҳим арзёбӣ карданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!