,
Ҷумъа, 27-декабр
Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври факултетии озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои филологияи хориҷӣ ва филологияи тоҷик ва журналистика баргузор гардид.
Дар озмун мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Холова Ғалатӣ, декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, номзади илмҳои филологӣ дотсент Абдусамадзода Эраҷ, декани факултети филологияи хориҷӣ Қурбонов Кароматулло ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.
Ба ҳайси аъзоёни комиссия омӯзгорони факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ: Холмуродзода Меҳрафрӯз, номзади илмҳои таърих, Каримзода Исроил ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, Шоинов Ҳасан ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, Собиров Сайёд ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷик ҷалб гардиданд.
Нахуст дотсент Абдусамадзода Эраҷ суханронӣ намуда, озмунро ҳусни оғоз бахшиданд ва таъкид доштанд, ки озмун бояд шаффоф гузаронида шавад ва танҳо шахсоне, ки дар ҳақиқат арзанда ҳастанд ба даври навбати роҳхат ёбанд.
Дар озмун 22 нафар донишҷӯён аз ҳарду факултет иштирок доштанд. Ба ҳар як иштирокчии озмун аъзоёни комиссия саволҳои худро доир ба рӯзгор, ҳаёт, фаъолияти эҷодӣ ва махсусан дар бораи таърих ва зарурати навиштани китоби “Тоҷикон” пешниҳод намуданд. Дар навбати худ иштирокчиён кушиш намуданд, ки ба ҳамаи саволҳои аъзои ҳакамон ҷавобҳои мушаххас гардонанд.
Қайд карданд ба маврид аст, ки аз 22 нафар иштирокчиёни озмун танҳо беҳтаринҳо ба даври навбатӣ роҳхат меёбанд.