, Шанбе, 27-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ИДОРАКУНӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ИДОРАКУНӢ ДАР ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ”

Санаи 25.09.2025 дар факултети география ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Идоракунӣ дар иқтисодиёти рақамӣ”-и назди кафедраи иқтисодиёти рақамӣ ва идоракунӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, номзади илмҳои иқтисодӣ Раҳматзода Умед, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Абдулов Дилшод, роҳбари маҳфил, ассистенти кафедраи менеҷмент ва маркетинг Талабков Лутфулло ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Сараввал мудири кафедра Раҳматзода Умед суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Мирзоев Амирҷон-донишҷӯи курси 3-юми факултет дар мавзуи “Нақши соҳаи боғдорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ”, зери роҳбарии ассистенти кафедра Қурбонзода Некруз баромад намуд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!