,
Шанбе, 27-сентябр
Имрӯз, 25.09.2025 дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили ифтитоҳии иҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва аъзоёни ҷамъият баргузор гардид.
Маҳфилро ҷонишини декан оид ба тарбия Қурбонзода Каромутулло оғоз бахшида, доир ба аҳамияти рушди маҳфилҳои илмӣ ва нақши онҳо дар боло бурдани сатҳи маърифати донишҷӯён андешаҳои худро баён намуд.
Дар идома, донишҷӯи соли сеюми факултет Баротов Шоҳрух бо маърӯзаи худ дар мавзуи «Банақшагирии омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимӣ» баромад намуда, паҳлуҳои муҳими ин масъала ва роҳҳои такмили он дар низоми таълимиро шарҳ дод. Сипас, донишҷӯ Маҷидзода Абдуҷаббор дар мавзуи «Ташаккули тарзи ҳаёти солим дар раванди тамринҳо» маърӯзаи пурмазмун ироа кард, ки мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт.
Дар фарҷоми маҳфил миёни иштирокчиён мубодилаи афкор ва саволу ҷавоб доир гардид. Иштирокчиён аз баргузории чунин маҳфилҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, таъсири мусбати онҳоро дар густариши донишу ҷаҳонбинӣ ва таҳкими фаъолияти илмии донишҷӯён таъкид карданд.