, Шанбе, 27-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "РАВОНШИНОС"


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ "РАВОНШИНОС"

Имрӯз (24.09.2025) дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили "Равоншинос"-и назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил мудири кафедра, дотсент Файззода Бахтовар, муаллими калони кафедра Табарова Зарторбӣ, Валиева Саъбагул, ҳайати омӯзгорон ва аъзоёни маҳфил ширкат варзиданд.

Нахуст дотсент Файззода Бахтовар баромад намуда, ҳозиринро бо барномаи маҳфил ва мавзуъҳои баррасишаванда дар маҳфил шинос намуда, баргузории чунин маҳфилҳоро ҷиҳати сайқали дониши донишҷӯён саривақтӣ арзёбӣ кард.

Сипас, Ризозода Сафарбӣ, донишҷӯи курси 5- уми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзуи “Маълумот дар бораи тахаюл ва фантазия” ва Саъдулоҷони Амрохон, донишҷӯи курси 4-юми ихтисоси равоншиноси амалӣ дар мавзуи “Тавсифи психологӣ дар синну соли барвақти бачагӣ” маърӯзаҳои худро баромад намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва масъалагузорӣ барои махфилҳои оянда ба охир расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!