, Шанбе, 27-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БАРНОМАСОЗ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “БАРНОМАСОЗ”

Имрӯз, 24.09.2025 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Барномасоз”-и назди кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайн бо иштироки муаллими калони кафедра, ҳамзамон роҳбари маҳфил Ғуломов Суҳроб, ассистенти кафедра Сафаралиева Парвина ва дигар аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯи курси чоруми факултет Носиров Сафархон бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар замони муосир” баромад намуд. Дар маърӯзаи мазкур мафҳуми зеҳни сунъӣ, самтҳои татбиқи он дар иқтисод, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, имкониятҳо ва мушкилоти мавҷудаи зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир ва дурнамои рушди он барои Тоҷикистон ба муҳокима кашида шуд.

Баъди ироаи маърӯза миёни иштирокчиён баҳсу гуфтугӯи созанда доир гардида, пешниҳодҳои ҷолиб оид ба рушди соҳаи барномасозӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ иброз гардиданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!