, Шанбе, 27-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “РӮЗНОМАНИГОРИ ҶАВОН”

Таърихи 24.09.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Рӯзноманигори ҷавон”-и назди кафедраи журналистика баргузор гардид.

Дар маҳфил дотсенти кафедра Алишери Абдулмаҷид, ассистентони кафедра Наврӯззода Шамсия, Муслимов Исмоил ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.

Маҳфил бо суханронии роҳбари маҳфил Наврӯззода Шамсия оғоз гардида, зимнан оид ба маърӯзаҳои баррасишавандаи маҳфил маълумот дод.

Сипас, Ҳасанзода Саёҳат-донишҷӯи курси чорум ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи “Нақши рӯзноманигорӣ дар ташаккули афкори умумӣ дар Тоҷикистон” ва Саъдулоева Гулбону-донишҷӯи курси сеюм дар мавзуи “Вазъи имрӯзаи матбуоти чопӣ дар Тоҷикистон: мушкилот ва дурнамо” баромад намуданд.

Маҳфил бо муҳокимаронӣ ва баҳсу баррасиҳои ҷолиб миёни иштирокчиён ҷамъбаст гардид ва чунин чорабиниҳо ҳамчун платформаи самарабахш барои ташаккули ҷаҳонбинии касбии рӯзноманигорони оянда арзёбӣ гардид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!