,
Шанбе, 27-сентябр
Санаи 24-уми сентябри соли 2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Арзёбии сифати таълим: усулҳо ва воситаҳо” ба истиқболи ҷашни 80-солагии ин боргоҳи илму маърифат баргузор гардид.
Дар ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Каримҷонзода Манучеҳр, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих, дотсент Холмуродзода Меҳрафрӯз, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Сайдалиева Фотима ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Кори конфронс бо суханронии дотсент Холмуродзода Меҳрафруз оғоз гардида, мавсуф оид ба нақши таърих дар таҳкими маърифати миллӣ, зарурати истифодаи усулҳои навини омӯзиш ва роҳҳои такмил додани сифати таълим суханронӣ кард. Ӯ таъкид намуд, ки баланд бардоштани сатҳи омӯзиш ва истифодаи методикаҳои муосир метавонад ба рушди тафаккури таърихӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён саҳми арзанда гузорад.
Сипас, муаллимони калони кафедра Носиров Хол дар мавзуи “Хусусиятҳои умумии усули таълими таърих”, Сайдализода Рустам дар мавзуи “Усулҳо ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим дар дарсҳои таърих” ва ассистенти кафедраи мазкур Лалбеков Собирҷон дар мавзуи “Методҳои фаъолгардонии донишҷӯён дар рафти омӯзиши фанни таърихи халқи тоҷик” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Қайд гардид, ки истифодаи усулҳои интерактивӣ, такя ба технологияҳои иттилоотӣ ва татбиқи методикаҳои нав ба баланд бардоштани сифати дарсҳо мусоидат намуда, фаъолияти донишҷӯёнро дар равандҳои таълимӣ фаъол месозад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён бояд бо ташаббус ва таҳқиқоти илмӣ пайваста дар пешрафти илму маориф саҳмгузор бошанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш миёни иштирокчиён баҳсу муҳокимаҳои судманд баргузор гардида, роҳҳои татбиқи таҷрибаи пешқадами омӯзиш ва беҳтар намудани сифати таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.