,
Сешанбе, 23-сентябр
Имрӯз, 23.09.2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинар-машваратии омӯзишӣ таҳти унвони «Барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ҷиҳати сафар ба хориҷи кишвар» баргузор гардид. Дар кори семинар муовинони деканҳои факултетҳо оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол ширкат доштанд. Ҳадафи асосии баргузории ин семинар баланд бардоштани савияи донишу маърифати ҳуқуқӣ ва огоҳии донишҷӯёну омӯзгорон дар мавриди тартиби дурусти омода намудани ҳуҷҷатҳо барои таҳсил, таҳқиқот ва сафарҳои илмӣ ба хориҷи кишвар мебошад.
Нахуст муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Аюбзода Сафар Аюб баромад намуда, аҳамияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки донишҷӯёну омӯзгоронро дар барномаҳои байналмилалӣ таъкид кард. Ӯ изҳор дошт, ки донистани қоидаҳои барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо на танҳо ба пешгирии мушкилиҳои ҳангоми сафар мусоидат мекунад, балки заминаи муҳими дастрасӣ ба имкониятҳои нави таҳсилу таҷрибаомӯзӣ дар хориҷ аз кишвар низ ба ҳисоб меравад.
Сипас, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, дотсент Муродзода Баҳриддин бо маърӯзаи муфассал дар мавзуи “Барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ҷиҳати сафар ба хориҷи кишвар” суханронӣ намуд. Вай ҷиҳати тарзи дурусти таҳия ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, муҳлатҳои зарурӣ, риояи талаботи қонунгузории дохилӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ маълумоти муфид пешниҳод карда, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас дод.
Дар қисмати саволу ҷавоб иштирокчиён бо пешниҳодҳои худ баромад намуда, андешаҳои худро дар бораи мушкилиҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо баён карданд.
Таъкид гардид, ки чунин семинарҳо барои донишҷӯёне, ки ният доранд дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил ё таҷрибаомӯзӣ намоянд, аҳаммияти хоса доранд. Зеро донистани тартиби дуруст ва ҳуҷҷатгузории пурра яке аз омилҳои асосии муваффақият дар марҳилаи довталабӣ ва шомилшавӣ ба барномаҳои байналмилалӣ мебошад.