,
Сешанбе, 23-сентябр
Санаи 23.09.2025 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Диофант”-и назди кафедраи математика ва методикаи таълими он бо иштироки номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедра Ниёзов Ҷонмуҳаммад, муаллими калони кафедра, ҳамзамон роҳбари маҳфил Ҳусайнзода Руҳулло ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Нахуст роҳбари маҳфил, муаллими калони кафедра Ҳусайнзода Руҳулло баромад намуда, оиди пешбурди кори маҳфил ибрози андеша намуд.
Сипас, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси математикаи амалӣ Ҳайдарова Сумая дар мавзуи “Бо тарзҳои гуногун касрҳои даҳии давриро ба касри оддӣ табдил додан” ва донишҷӯи курси сеюми ихтисоси математика Боймуродзода Хуршеда дар мавзуи “Методикаи аз решаи кубӣ баровардани ададҳои бутун” маърӯзаи худро ироа намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи аъзоёни маҳфил ба охир расид.