, Ҷумъа, 22-ноябр

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ҶАНГОВАРОНИ БАШАРДӮСТ

 15.02.2023 260

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ҶАНГОВАРОНИ БАШАРДӮСТ

Ҳамасола 15-уми феврал ҳамчун рӯзи ҷанговарони башардӯст таҷлил карда мешавад.

Имрӯз бо иштироки Шӯрои собиқадорони башардӯсти шаҳру минтақаи Кӯлоб дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ховаршинос Зафар Мирзоён, Раҳмонов Бахтиёр ва дигарон ширкат варзиданд.

Нахуст муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён суханронӣ намуда,  собиқадорони ҷанги башардӯст ва дар симои онҳо тамоми ҷанговарони башардӯсти ҷумҳуриро табрик намуда, ёдовар шуданд, ки хизматҳои эшонро шаҳрдорӣ ва мардуми сарбаланди Кӯлоб ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

Қайд намудан ба маврид аст, ки  сол то сол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯмакҳои моддию пулӣ ба собиқадорони ҷанги башардӯст расонида мешавад.

Баъдан Бахтиёр Раҳмонов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷанговарони башардӯст ҳангоми суханронӣ миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои бепоён ва ғамхориашон нисбат ба онҳо баён намуданд.

Дар охир чанде аз ҷанговарони башардӯст низ суханронӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, барои дар руҳияи ватандӯстӣ ва меҳанпарстӣ тарбия намудани ҷавонон саҳми арзандаи худро гузоранд.




Ба рӯйхат