, Сешанбе, 23-сентябр

ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД


ИН ҶАҲОНРО НИГАР БА ЧАШМИ ХИРАД

Таҳти ҳамин унвон имрӯз, 22 сентябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати гиромидошти саромади адабиёти классикии тоҷику форс, устоди бузургвор Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ҳақназар Ғоиб, намоядаи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ҳайдарова Назира, аҳли илму даб, ҳайати меҳмонону фаъолони шаҳр ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Кори чорабинӣ бо гузаштани гулчанбар дар назди муҷассамаи қофиласолори назми тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз гардида, дар толори фарҳангии муассиса идома ёфт.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати гиромидошти Рӯзи қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ табрик намуда, ба аҳли қалам комёбиву саодатмандӣ ва қуллаҳои баланди эҷодиёт таманно намуданд. Устод таъкид бар он дошт, ки басо рамзист, ки ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистони азизи мо иди гиромидошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди арҷгузорӣ ба мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- қофиласолор Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Бузургдошти Маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муқаррар намудани Рӯзи Рӯдакӣ чун иди шеъру адаб дар кишвар далели муътамади таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърих, фарҳанг ва адабиёти оламшумули миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад.

Зимнан таъкид дошт, фараҳмандии мо, ҷомеаи меҳнатқарину ватандӯсти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар он аст, ки ин богоҳи маърифат бо номи ин чеҳраи бузурги адабиёт ифтихор дорад. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009 номи муассисаи мо Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муқаррар гардид, ки ин падида худ бозгӯи арҷгузорӣ ба шеъру сухан, эҳтиром ба дониш ва гиромидошти рӯшангарони роҳи маърифат аст.

Пас, месазад, ки ҳар як фарди бедордил ва худшиноси миллат ба ин номи пуршараф эҳтиром гузорад ва ифтихор кунад, ки фарзанди миллати Рӯдакист ва ба забоне сухан мегӯяд, ки асрҳо забони шоҳасарҳои шеъри оламшумул гардидааст.

Дар идомаи чорабинӣ намоядаи мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Ҳайдарова Назира баромад намуда, иброз дошт, ки устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, балки султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ ва рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати кӯҳанбунёди тоҷик мебошад.

Дар зимн Шоири халқии Тоҷикистон- Ҳақназар Ғоиб, баромад намуда, бо эҳтироми шоиста зикр намуд, Рӯдакӣ на танҳо бунёдгузори шеъри форсии тоҷикӣ аст, балки бо заковати фитрӣ, завқи баланд ва сухани равону мусиқаангезаш, шеъри моро ба арсаи ҷаҳонӣ баровард. Вай бо осори пурарзишаш равзанае ба ҷаҳони маънавияти воло кушод ва бо каломи огаҳонаю шоиронаи хеш дар қалбҳо нур афканд. Маҳз ба туфайли ӯ забони тоҷикӣ ҳамчун як забони шеъру маънӣ, ахлоқу ҳикмат, бо завқи баланд ва муҳтавои ғанӣ ба адабиёти ҷаҳонӣ роҳ ёфт. Имрӯз низ ҳар мисраи Рӯдакӣ чун чароғе дар торикии замон равшанӣ мебахшад ва насли имрӯзро ба гиромидошти сухан, ҳифзи забон ва пос доштани фарҳанги миллӣ ҳидоят мекунад.

Ҳамчунин дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Холиҷова Зайналбӣ дар мавзуи “Рубоиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ – ҳамчун оинаи афкор ва арзишҳои адабиёти классикӣ” баромад намуда, таъкид дошт, ки рубоиёти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун оинаи равшан андешаву ҷаҳонбинии ахлоқии адиб ва фарҳанги адабии тоҷикро инъикос менамояд. Вай бо далелҳои возеҳ нишон дод, ки Рӯдакӣ на танҳо дар рушду ташаккули жанри рубоӣ нақши муассир гузоштааст, балки бо истифодаи санъатҳои бадеӣ ва мазмунҳои ирфонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва ишқӣ, рӯҳияи инсондӯстиву накӯкориро дар сатҳи олӣ тараннум кардааст.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи театрикунонидашудаи кормандони ансамбли “Наво”-и донишгоҳ ва ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода иборат аз савту наво, саҳнаҳои таъсирбахш аз ҳаёти адиб ва қироати порчаҳои шеърӣ аз ашъори устод Рӯдакӣ дар иҷрои донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Чорабинии илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад», ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид, на танҳо ба хотири арҷгузорӣ ба саромади адабиёти классикии тоҷик – устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сурат гирифт, балки аҳамияти он дар тарбияи маънавию маърифатии ҷавонон низ равшан эҳсос мешуд.

Баромадҳои аҳли илму адаб, намояндагони мақомоти давлатӣ ва суханони шоирон собит намуданд, ки бузургдошти Рӯдакӣ рамзи гиромидошти фарҳанги миллӣ ва пайванди ногусастании таърих бо замони муосир аст. Ин гуна ҳамоишҳо на танҳо хотираи фарҳангӣ ва адабиро зинда медоранд, балки ба худшиносии миллӣ, ифтихори давлатдорӣ ва бедории зеҳнии ҷомеа, бахусус ҷавонон такони ҷиддӣ мебахшанд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!