, Душанбе, 22-сентябр

СУПОРИДА ШУДАНИ АВВАЛИН МАҲСУЛОТ АЗ НУҚТАИ ДӮЗАНДАГИИ ДОНИШГОҲ


СУПОРИДА ШУДАНИ АВВАЛИН МАҲСУЛОТ АЗ НУҚТАИ ДӮЗАНДАГИИ ДОНИШГОҲ

Ибтидои рӯзи 22 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шоҳиди як рӯйдоди муҳим ва хотирмон гардидем.  “Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ”-и донишгоҳ, ки 15 сентябр ба истиқболи ҷашни 80-солагии ин боргоҳи илму маърифат бо ҳузури роҳбарияти муассиса ва намояндагони ҷомеаи омӯзгорону донишҷӯён ба фаъолият оғоз карда буд, имрӯз нахустин маҳсули меҳнату ҳунари аъзои он - либосҳои махсуси кормандони бахши хоҷагии донишгоҳ, расман ба дасти онҳо супурда шуд.

Ин либосҳо, ки дар нуқтаи дӯзандагии марказ таҳия шудаанд, барои истифодаи ҳаррӯзаи кормандони хоҷагӣ пешбинӣ гардида, мутобиқ ба талаботи санитариву истеҳсолӣ, аз матоъҳои устувору мақсаднок омода шудаанд. Онҳо дар шакли либосҳои махсуси мардона ва занона таҳия шуда, дар раванди омодасозии онҳо талаботи амалӣ ва фаъолияти кори воқеии кормандон ба назар гирифта шудааст.

Нуқтаи дӯзандагии таъсисёфта дар назди марказ, ки ҳадафи он омӯзиши амалӣ, рушди малакаи дӯзандагӣ ва эҳёи анъанаҳои миллии тарроҳии либосҳо мебошад, бо қадамҳои устувор ба самти худтаъминкунӣ равона гардида истодааст. Омода шудани аввалин силсилаи либосҳо барои кормандони бахши хоҷагӣ шаҳодати он аст, ки иқдомҳои гирифташуда дар самти амалӣ гардондани ҳадафҳои таълимӣ ва истеҳсолӣ самар овардаанд.

Супоридани аввалин маҳсулоти нуқтаи дӯзандагӣ - либосҳои махсуси кормандони бахши хоҷагӣ - қадами аввалини амалии марказ дар самти истеҳсолоти дохилӣ ва истифодаи имкониятҳои кадрӣ мебошад.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ин амал собит сохт, ки ҳар иқдоми нав ҳатто бо як либоси одӣ шуруъ шуда метавонад, вале бо диди дурбинона ва пуштибонии устувор ба самтҳои бузурги рушди таълимӣ ва истеҳсолӣ мебарад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!