,
Шанбе, 20-сентябр
Субҳи рӯзи 20-уми сентябри соли 2025 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъона бо иштироки ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, ҳайати роҳбарияти донишгоҳ, устодон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Иқдоми мазкур дар асоси сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташвиқи тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани нақши варзиш дар ҷомеа ва ҷалби насли ҷавон ба фаъолияти ҷисмониву маънавӣ амалӣ гардида, инчунин бахше аз омодагиҳо ба таҷлили 80-солагии таъсиси донишгоҳ маҳсуб меёбад.
Машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ на танҳо ҳамчун воситаи обутоби бадан, балки ҳамчун омили таҳкими руҳияи дастаҷамъӣ, дӯстӣ ва эҳсоси ҳамдилӣ миёни донишҷӯёну омӯзгорон арзёбӣ мешавад. Варзиш имконият медиҳад, ки инсонҳо солим, боинтизом ва дорои иродаи қавӣ бошанд.
Дастгирии пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди соҳаи варзиш, бунёди инфрасохтори замонавӣ ва фароҳамсозии шароити муносиб барои машқҳои ҷисмонӣ, имконият медиҳад, ки муассисаҳои таълимӣ, хоса донишгоҳҳо, дар тарғиби фарҳанги варзиш нақши фаъол дошта бошанд.
Дар ҳамин замина, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамарӯза ва ҳар ҳафта машқҳои варзишии пагоҳирӯзӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён баргузор гардида, муҳити солим, рӯҳияи ҷавонмардӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандиро тақвият мебахшанд.
Иштирокчиёни машқи пагоҳирӯзии имрӯза бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ изҳор доштанд, ки минбаъд низ чунин иқдомҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар ҳамаи чорабиниҳои варзишӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок хоҳанд кард.