, Шанбе, 20-сентябр

МИЗИ МУДАВВАР: ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ИТТИЛООТКУНОНИИ ҶОМЕА


МИЗИ МУДАВВАР: ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАҚШИ ОНҲО ДАР ИТТИЛООТКУНОНИИ ҶОМЕА

Дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақши онҳо дар иттилооткунонии ҷомеа» баргузор гардид.

Мизи мудаввар бо сухани муқаддимавии  муовини декани факултет, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ оғоз ёфт. Ӯ дар бораи аҳамияти рушди шабакаҳои иҷтимоӣ дар замони муосир ва нақши онҳо дар боло бурдани сатҳи иттилоотнокии ҷомеа андешаронӣ намуда, ҳозиринро ба муҳокимаи фаъоли мавзуъ даъват намуд.

Сипас, ассистенти кафедраи методикаи таълими информатика Суфиев Хайриддин бо маърӯзаи илмӣ оид ба «Шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақши онҳо дар иттилооткунонии ҷомеа» баромад кард. Вай самтҳои асосии таъсири шабакаҳои иҷтимоиро ба ҷомеа, имконияту мушкилиҳои истифодаи онҳо ва роҳҳои дурусти тарғиби иттилооти боэътимодро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар идома, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси информатика Ҳасани Акбархон бо маърӯзаи худ дар мавзуи «Шабакаҳои иҷтимоӣ: таърихи пайдоиш ва хусусиятҳои истифода» баромад намуда, зинаҳои ташаккул ва густариши шабакаҳои иҷтимоиро аз оғози пайдоиш то ба замони муосир шарҳ дод ва нақши онҳоро дар фаъолияти рӯзмарраи ҷомеа таъкид намуд.

Дар анҷоми мизи мудаввар миёни иштирокчиён саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои илмӣ доир гардида, пешниҳодҳо оид ба истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ барои густариши иттилооти боэътимод ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа иброз гардиданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!