, Ҷумъа, 19-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”-И КАФЕДРАИ ФАЛСАФА


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҶАҲОНИ АНДЕША”-И КАФЕДРАИ ФАЛСАФА

Санаи 19-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмии “Ҷаҳони андеша”, ки назди кафедраи фалсафа амал мекунад, бо ширкати фаъоли ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни факултетҳои мухталифи донишгоҳ баргузор гардид.

Маҳфилро роҳбари он, муаллими калони кафедра Раҷабов Аминҷон ифтитоҳ намуда, мавзуъҳои муҳокимашавандаро ба иштирокчиён муаррифӣ намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки дар раванди муҳокимаҳо фаъолона ширкат варзанд.

Зимнан мудири кафедра, муаллими калон Ҳасанов Маҳмадсаид зимни баромади худ доир ба аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо дар рушди тафаккури фалсафӣ ва густариши ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён изҳори назар кард.

Сипас, донишҷӯёни факултетҳои гуногун маърӯзаҳои илмии худро манзур намуданд. Миром М, донишҷӯи курси дуюми факултети химия ва биология дар мавзуи “Фалсафа доираи проблемаҳо ва нақши он дар ҷомеа” ва Абдуллозода С, донишҷӯи курси дуюми факултети химия ва биология дар мавзуи “Фалсафа ҳамчун ҷаҳонбинии илмӣ” маърӯза намуданд.

Маҳфил дар фазои озоди илмӣ ва муҳокимавӣ ҷараён гирифта, дар интиҳо иштирокчиён бо омӯзгорон саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор анҷом доданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!