,
Ҷумъа, 19-сентябр
Рӯзи 18 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи нахустини раёсати донишгоҳ дар соли таҳсили 2025-2026 таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзоёни раёсат доир гардид.
Ҷаласаи мазкур ба баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти ҳуқуқӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва хоҷагидории донишгоҳ бахшида шуда, дар рафти он нахуст масъалаи “Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз 23.07.2016, №1339, инчунин ҳолати иҷрои мактубҳои воридотӣ аз давраи моҳи январ то сентябри соли 2025” мавриди таҳлил қарор гирифт. Маълумоти дахлдорро ҳуқуқшиноси донишгоҳ Назаров Бахтиёр пешниҳод намуда, ҷараёни иҷрои муқаррароти қонун ва муносибати сохторҳои донишгоҳро бо муроҷиати шаҳрвандон ва ташкилотҳо шарҳ дод.
Сипас масъалаи “Фаъолияти кӯдакистони “Ситора”-и назди донишгоҳ: ҳолат ва дурнамо” баррасӣ гардид. Роҳбари гурӯҳи корӣ, сардори раёсати тарбия Анвар Шарипов дар бораи вазъи кунунии муассисаи мазкур ва нақшаҳои минбаъда оид ба беҳтарсозии шароити таълиму тарбияи кӯдакон иттилоъ дод.
Дар идомаи ҷаласа, “Ҳолати риояи тартибу низом ва қоидаҳои тартиботи дохилии муассиса, инчунин ташкили комиссияҳои санҷишӣ дар факултетҳо аз ҷониби роҳбарони сохторҳои дахлдор муҳокима гардид. Масъалаи мазкур бо дарназардошти нақши муҳими интизоми дохилӣ дар самаранокии раванди таълиму тарбия мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор гирифт.
Дар қисмати масоили ҷорӣ “Омодагии муассиса ба даври тирамоҳу зимистони соли таҳсили 2025-2026” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Муовини ректор оид ба масоили хоҷагӣ Мухторзода Муъмин оид ба ҳолати омодагӣ, таъмиру нигоҳдории инфрасохтори мавҷуда ва таъмини гармидиҳӣ маълумоти муфассал ироа намуд.
Дар зимни баррасии масоил ректори донишгоҳ дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо дарназардошти маълумоти пешниҳодгардида ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо вазифаҳои мушаххас гузошт. Ҳамзамон дар ҷаласа оид ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Таъкид гардид, ки роҳандозии фаъолияти мунтазаму мушаххас дар ҳамаи самтҳо ва ҳамоҳангии сохторҳои донишгоҳ шарти муҳими расидан ба дастовардҳои наву созанда дар соли таҳсили ҷорӣ мебошад.