, Панҷшанбе, 18-сентябр

ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ


ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни 80-солагии таъсиси муассиса фазои тозаи созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармо буда, дар он ҳамарӯза корҳои ободониву сабзкорӣ бо маром идома доранд.

Дар ин ҷиҳат Раёсати донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи созандагиву бунёдкорие, ки аз ҷониби Роҳбарияти олии кишвар роҳандозӣ шудааст, дар самти зебо ва замонавӣ гардондани муҳити таълимӣ иқдомоти муназзаму густурдаеро ба роҳ мондааст. Дар ин раванд, корҳои ободониву покизакорӣ ва сабзу хуррамгардонии тамоми гӯшаҳои ҳудуди донишгоҳ вусъати тоза гирифта, имрӯз донишгоҳ ба худ симои дигар касб намудааст.

Бо ибтикори роҳбарияти донишгоҳ ва иштироки фаъолонаи ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён ташаббусҳои ҷамъиятӣ дар масири сабзу хуррамгардонӣ ва покизакориву ободонӣ бо шукӯҳи хосса баргузор гардида, ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватанпарастӣ миёни кулли ҷомеаи меҳнативу муҳассилини донишгоҳ таҳким ёфтааст.

Ба таъкиди Раёсати донишгоҳ минбаъд низ ба корҳои созандагӣ, сабзкорӣ, зебову замонавӣ гардондани муҳити донишгоҳ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои боло бурдани сатҳи инфрасохтори таълимӣ ва муҳити фарҳангию иҷтимоии донишҷӯён тадбирҳои судманд роҳандозӣ мегардад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!