, Панҷшанбе, 18-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДИПЛОМАТИЯ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДИПЛОМАТИЯ”

17-уми сентябри соли 2025 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Дипломатия”-и назди кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ бо иштироки садорати факултет, ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.

Кори маҳфил бо шиносонидани мавзуи баррасишаванда ба иштирокчиён аз ҷониби роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Саидов Даврон оғоз ёфт.

Дар маҳфил маърӯзаи донишҷӯи курси 4-уми факултет Қаюмова Моҳсафар дар мавзуи “Нақши акторҳои хориҷӣ дар ҳалли низои дохилии Тоҷикистон” мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.

Дар рафти баргузории маҳфил аъзоён фаъолона иштирок намуда, доир ба маърӯзаи баррасишуда ибрози андеша намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!