,
Панҷшанбе, 18-сентябр
Санаи 17-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултети филологияи хориҷӣ бо иштироки садорати факултет, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Сараввал, ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саидова Нилуфар суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории чунин маҳфилҳоро дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, рушди маҳорати тадқиқотӣ ва баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён таъкид карданд.
Сипас, роҳбари ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Исматов Муҳаммад доир ба маърӯзаи баррасишаванда маълумот дод.
Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯи курси якум Ғоибова Марзия бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Роҳҳои беҳтарини омӯзиши забони англисӣ ба кӯдакон» баромад намуда, андешаҳои худро бо мисолҳои мушаххас шарҳ дод. Маърӯза бо таваҷҷуҳи махсуси иштирокчиён пазируфта шуда, муҳокимаи васеъро ба миён овард.
Дар анҷоми маҳфил миёни донишҷӯён ва омӯзгорон саволу ҷавоб ва мубодилаи назар сурат гирифта, ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои қаноатбахш пешниҳод гардид.