, Панҷшанбе, 18-сентябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ “АДАБИЁТШИНОС”

Санаи 17.09.2025 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмӣ-эҷодии “Адабиётшинос”-и назди кафедраи адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дар маҳфил доктори илмҳои филологӣ, профессор Ашурова Нодира, роҳбари маҳфил, ассистенти кафедра Гиёева Тахмина ва ҳайати омӯзгорони кафедра ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст роҳбари маҳфил Гиёева Тахмина суханронӣ намуда, маҳфилро оғоз бахшид ва аз мавзуи баррасишавандаи маҳфил ба ҳозирин маълумот дода, оид ба пешбурди кори маҳфил ибрози андеша кард.

Сипас, Давлатзода Омина - донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи «Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст "-роҳ ба суйи илму дониш» маърӯзаи  худро ироа намуд.

Дар бахши музокирот атрофи мавзуи баррасишуда саволу ҷавоб доир гардид, ки дар он иштирокчиён фаъолона ширкат варзиданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!