,
Панҷшанбе, 18-сентябр
Олимон ганҷи бебаҳои миллат буда ғановати моддию маънавии ҳар халқу давлат аз онҳо вобастагии калон дорад. Хушбахтона дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон олимони зиёде ҳастанд, ки дар инкишофи илм, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи ҷавонон ва маънавиёту иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузошта, дар қалби мардум абадан маскан гирифтаанд. Шахсе, ки дар таълиму тадрис даст дорад ва умри азизи худро сарфи ин роҳ кардааст ба хубӣ медонанд, ки тай намудани ин роҳи пурпечутоб хеле душвор ҳасту ниёз ба сабру тоқат дорад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, “Олимон дар ҳар давру замон барои миллати азизамон чароғи тобон буданд, ҳастанд ва мемонанд”.
Устод касест тарбиятгар, таълимдиҳанда, бомаърифат ва шарафманд. Агар вазифаи падару модар тарбияи хуби фарзандон бошад, вазифаи устод ғайр аз тарбия додан таълим ва маданияту фарҳанг низ ҳаст. Бузургон хело муносиб мегӯянд: «Агар барои қабои сабз пӯшидани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани домони инсон устод рамзи баҳор аст». Маҳз устод сабаб мегардад, ки шогирдонаш сатҳи баланди обрӯву эътиборро дар ҷамъият сазовор гардида, ҳамчун фарди комил ва оқил шинохта шавад ва маҳз бо ин фарҳанги воло соҳибмаълумот гардида, ба халқу Ватани хеш хидмат намояд, роҳи зиндагияшро ба осонӣ дарёбад. Агарчӣ ин амалҳо фидоӣ буданро талаб намояд ҳам, омӯзгор аз ин касбаш меболад ва тайёр аст, ки шогирди арзанда тарбия намояд. Зеро: «Омӯзгор чун шамъ месӯзаду роҳи шогирдонро мунаввар месозад».
Ифтихорманд аз он ҳастам, ки пешаи пурмаҳсули омӯзгориро интихоб намуда, дар пайравӣ аз касби падари бузургворам, Сайдаҳмадов Л.С., ки солҳои тӯлонӣ дар ДДК дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намудаанд, барои ватану миллати хеш ва таълиму тарбияи насли наврас саҳми босазои худро гузошта истодаам. Гарчанде ман хатмкардаи ин даргоҳи бузург, яне ДДК набошам, аммо нозукиҳои касби омӯзгорӣ ва ҳам роҳбариро маҳз дар ҳамин ҷо аз мактаби бузурги олимон ва устодони пуртаҷрибаи ин макони илму маърифат, аз қабили Каримов С.К., Ибодов М.О., Ибодов Н., Ғуломов И.Ғ., Юнусов С. Ю, Мустафоқулов Т., Иззатова М.И., Бобоев Т.Б., Мирзоев С.С., Табарӣ А.Ҳ., Раҳимова С.Р., Худойдодова Ш.З. ва дигарон омӯхтаам.
Вобаста ба ин мехостам дар бораи инсоне ҳарф бизанам, ки яке аз шахсиятҳои нотакрор, олими нуктасанҷ, устоди ҳақгӯй, донишманди пуркору дақиқназар, равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи ростӣ дар зиндагӣ ҳастанд. Аз он мефахрам, ки тақдир маро бо чунин як ситораи тобони гулзори илму маърифат устод Мирзоев Салим Сайдалиевич рӯ ба рӯ сохт то ман тавонам каме ҳам бошад аз мактаби ин устоди бузург барои худ чизе гирифта бошам.
Ифтихорманд аз он ҳастам, ки бо устоди гиромиқадр тули зиёда аз 23 сол дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият намудаам. Аз рӯзҳои аввали ҳамкорӣ ҳис карда мешуд, ки устод Мирзоев С.С. марди фозилу меҳнатдӯст буда, дар роҳи ковишҳои илмӣ бурдбориҳо ва пешрафтҳои тозаро сазовор гаштааст. Аз ҳама хислати накӯ ва беҳтаринашон, ки хоси олимони асил ва устодони ҳақиқӣ ҳаст, ин талаботи ҷиддӣ нисбат ба кору фаъолияти ҳар як кормандашон буд. Бисёр хуб дар хотир дорам вақте ки тариқи озмун ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба кор қабул гардидам аввалин шахсе, ки ҳамсӯҳбат шудам, устод Мирзоев С.С. буданд, ки он вақт вазифаи мудирии кафедраро ба уҳда доштанд. Устод маро ба сӯҳбат даъват карда, вазифаҳои ба ӯҳда доштаамро фаҳмонида, сипас бо лаҳни ба худашон хос “Марш, аз паси кор шав!” хитоб намуданд.
Мирзоев С.С. мунтазам ба дарсҳои ман даромада маслиҳату машваратҳои хешро дареғ намедонистанд. Натиҷаи ин ҳама ғамхориҳои устод буд, ки ман то ба имрӯз дар ҷодаи касби пурифтихори омӯзгорӣ ва соҳаи илм то дараҷае муваффақ гардидаам.
Мирзоев Салим Саидалиевич 26-уми марти соли 1942 дар деҳаи Дихои ноҳияи Шӯрообод (собиқ, н. Даштиҷум) дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Номбурда соли 1950 ба синфи 1-уми мактаби 7-солаи ба номи Октябри ҳамин деҳа қабул шуда, таҳсилро то синфи 5-ум идома дода, ба синфи 6-ум мегузарад. Бо сабаби муҳоҷир шудани сокинони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон оилаи онҳоро ба колхози ба номи Ленини н. Москва (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ) мекӯчонанд ва ӯ таҳсилашро дар синфи 6-уми мактаби миёнаи рақами 4-и ба номи А.С. Пушкини ҳамин ноҳия давом медиҳад. Ин боргоҳи илму маърифатро соли 1960 хатм намуда, худи ҳамин сол ба факултети табиатшиносии Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров) дохил шуда, онро соли 1965 бо ихтисоси муаллими биология хатм менамояд.
Мирзоев С.С. тибқи пешниҳод ва тавсияи комиссияи ВМҶТ оид ба тақсимоти хатмкунандагони МТОК ба ноҳияи Москва ба ҳайси омӯзгор фиристода мешавад. Мирзоев С.С. фаъолияти корияшро аз ҳамин ноҳия шурӯъ намуда, соли 1965 дар мактаби 8-солаи ба номи В.И.Чапаев, филиали Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб дар ноҳияи Москва ва омӯзишгоҳи касбӣ- техникии рақами 17 ба сифати муаллими химия ва биология кору фаъолият менамояд.
Соли 1966 ба ҳайси методисти фанҳои химия ва биологияи шуъбаи маориф ва соли 1967 ҳамчун мудири қисми таълимии мактаби рақами 1-и ноҳияи Москва ифои вазифа менамояд.
Соли 1968 тариқи озмун ба кафедраи педагогика ва психологияи Институти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) ба кор гузашта, дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон (соли 1971) фаъолият менамояд. Солҳои 1975-1978 дар аспирантураи рӯзонаи Институти физиологияи кӯдакону наврасони назди Академияи илмҳои педагогии ИҶШС таҳсил карда, соли 1978 мудири кафедраи тарбияи томактабӣ, 31-уми майи соли 1988 рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Хусусиятҳои этникии (генетикии) устухонҳои панҷаҳои дасти тоҷикону ӯзбекон», таҳти роҳбарии доктори илмҳои тиббӣ, профессор Никитюк Б.А. дифоъ менамояд. Аз соли 1991 инҷониб дар вазифаҳои дотсенти кафедраи табиатшиносӣ (биология), раиси кумитаи иттифоқи касабаи муаллимону кормандони донишгоҳ ва ҳамзамон мудири кафедраи биология, (солҳои 1991-1992) ходими калони (докторантура) кафедраҳои методикаи таълими биология ва педагогикаи Университети давлатии омӯзгории ба номи Н.К. Крупскаи Федератсияи Россия (солҳои 1992-1994), декани факултети химия-биология (солҳои 1996-2007), мудири кафедраи биология (солҳои 2007-2012) ва профессори кафедраи биологияи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кор кардааст.
Номбурда аз 12-уми июни соли 1995 Узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия мебошад. Вай солҳои 1991- 1996 мудири кафедраи биология ва солҳои 1996-2007 ба ҳайси декани факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб кор кардааст. Дар давраи роҳбарии ӯ дар кафедраи биология як зумра муаллимони ҷавону болаёқат ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул гардида, бо кумаки ӯ 3 нафар аз рӯи ихтисосҳои мухталиф рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд.
Вай аз солҳои 1992-1994 дар Унверситети омӯзгории ба номи Н.К. Крупскаяи ш. Москва корманди калони илмӣ буда, рисолаи доктории худро дар мавзуи «Эҳтимолияти педагогии ташакули шавқу завқи маърифатии хонандагони синфҳои VI-XI дар ҷараёни омӯзиши биология» ба анҷом расонида, 26-уми марти соли 2011-ум дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дифоъ карда аст.
Фаъолияти илмию эҷодии профессор Мирзоев С.С. домандор буда, ба тадқиқ ва омӯзиши масъалаҳои умумибиологӣ, экологӣ, дидактикию педагогӣ бахшида шудаанд, ки дар рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимию методӣ, мақолаҳою фишурдаҳояш акс ёфтаанд. Ба қалами профессор Мирзоев С.С. 2 монографияи калонҳаҷм, 8 китоби дарсӣ, 16 васоити таълимию методӣ, беш аз 220 мақола ва фишурда мансуб мебошанд, ки онҳо дар ҷараёни таълими силсилаи фанҳои биология ва кору фаъолияти омӯзгорон, хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёну аспирантҳои макотиби олии ҷумҳурӣ васеъ истифода бурда мешаванд.
Маъмурияти донишгоҳ, Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳояшро бобати тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси хоҷагии халқ, ба инобат гирифта, вайро бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), медал барои «Меҳнату шуҷоат» (1970), унвони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1995), Ифтихорномаи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон (2001) ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022) қадр намуданд.
Профессор Мирзоев С.С. дар соли 2022 барои нашри мақолаҳо оид ба масъалаҳои экологию иқлим дар озмуни ҷумҳуриявии “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим”, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Масҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида буд, бо СИПОСНОМА ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар хотима миннатдории худамро ба устоди азизу арҷманд, профессор Мирзоев Салим Сайдалиевич расонида, барояшон умри дарози пурбаракат таманно намуда хоҳони онам, ки доимо нерӯманду тансиҳат бошанд.
Ҳамзамон дар симои ректори ҷавону кордони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ- Сафарзода Мунир Ватан, ҳайати олимону омӯзгорон ва кормандонро ба ҷашни 80-солагии донишгоҳ табрик гуфта, барояшон бурдбориҳоро орзумандам!
Сайдаҳмадзода Дилором, дотсент, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон