, Панҷшанбе, 18-сентябр

АЗ ХУДШИНОСИВУ ВАТАНДӮСТӢ ТО ОМОДАГӢ БА ЗИНДАГИИ МУСТАҚИЛОНА - МУҲТАВОИ МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ


АЗ ХУДШИНОСИВУ ВАТАНДӮСТӢ ТО ОМОДАГӢ БА ЗИНДАГИИ МУСТАҚИЛОНА - МУҲТАВОИ МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ

Бо баҳрагирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, инчунин дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти донишгоҳ ва тибқи Нақшаи чорабиниҳои шурои занон ва духтарони донишгоҳ, имрӯз, 15 сентябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии шурои кор бо занон ва духтарони донишгоҳ бо донишҷӯдухтарони факултети филологияи тоҷик ва журналистика баргузор гардид.

Дар кори вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо, раиси шурои занон ва духтарони донишгоҳ, дотсент Мирзораҳматова Гулнора, омӯзгорзанони собиқадор ва таҷрибадор - Исоева Дилором, Салихова Лутфия, Исмоилова Муборак, инчунин ҳайати васеи донишҷӯдухтарони факултети мазкур иштирок намуданд.

Мақсади асосии чорабинӣ татбиқи муназзами «Стратегияи фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», риояи талаботи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои донишҷӯён», баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва масъулиятшиносии духтарон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи фарҳангу суннатҳои неки тоҷикона арзёбӣ гардид.

Муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Шарифзода Одинамо зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи занону духтарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста ҷиҳати таҳкими мақоми онҳо дар ҷомеа, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои таҳсилу фаъолият ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар иқдомҳои назаррасро амалӣ месозанд. Ӯ афзуд, ки роҳандозии чунин вохӯриҳо барои донишҷӯдухтарон як навъ мактаби ҳаётӣ буда, онҳоро ба зиндагии мустақилона ва иҷрои рисолати арзандаи иҷтимоияшон омода месозад.

Сипас, раиси шурои занон ва духтарони донишгоҳ, дотсент Мирзораҳматова Гулнора дар баромади худ таъкид намуд, ки ҷавонон, махсусан духтарон, бояд аз дастгириҳои давлату ҳукумат баҳравар гардида, бо истифода аз шароити фароҳамшудаи таълиму тарбия ва имкониятҳои муосир донишу ҷаҳонбинии худро тақвият бахшида, дар оянда ҳамчун мутахассисони лаёқатманду ватанпарвар ба ҷомеа хидмат кунанд.

Дар идома омӯзгорзанони собиқадор - Исоева Дилором, Салихова Лутфия ва Исмоилова Муборак баромад намуда, вобаста ба мавзуъҳои хатарҳои бегонапарастӣ ва зарурати ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба либоси тоҷикӣ ҳамчун рукни ҳувияти миллӣ, пешгирии ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ, инчунин омодасозии духтарон ба зиндагии мустақилона ва масъулиятҳои оилавӣ ибрози назар карданд. Баромадҳои омӯзгорон бо мисолҳои зиндагӣ ва таҷрибаи шахсӣ ҳамроҳ буда, мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳо тибқи нақша пайдарпай дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ баргузор мегарданд ва ҳадафи онҳо на танҳо баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, балки таҳкими маънавиёт, фарҳанг ва ахлоқи ҳамидаи ҷавондухтарон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии занон ва ҷавонон имрӯз ҳамчун омили муҳими таҳкими суботи ҷомеа ва рушди устувори давлат арзёбӣ мегардад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!