,
Панҷшанбе, 18-сентябр
Дар хазинаи Осорхонаи мероси хаттӣ ва осори адабии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар тобеияти Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб амал мекунад, яке аз асарҳои пурарзиши адиб таҳти унвони «Шарҳи муродоти девони Ҳофиз» маҳфуз мебошад. Пеш аз ҳама, бояд иброз намуд, ки ин асар дар қолаби луғати мухтасари истилоҳоти адабӣ таълиф шуда, аз ҷумлаи нахустин кӯшишҳо дар амри ба вуҷуд овардани луғати истилоҳоти Девони Ҳофиз ба шумор меравад.
Ин асар дар китоби «Маҷмуат-ур-расоил», ки соли 1885 бо заҳмати мулло Муҳаммад Обид Алам мураттаб гардида, 56 рисолаи адибро дар бар мегирад, мавҷуд нест. Мо онро тавассути нусхаи аз ҷониби донишманди покистонӣ Муҳаммад Риёз омодашуда, дастрас ва ба хатти сириллик таҳия кардем, ки дар ҷилди якуми маҷмуаи «Ганҷи ирфон» чоп шудааст.
Профессор Эраҷи Гулисурхӣ аз ҷумлаи нахустин донишмандонест, ки дар бораи ин рисолаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пажӯҳиши васеи илмӣ намудааст. Ӯ нусхаи рисолаи “Шарҳи муродоти Ҳофиз”-и Мир Сайид Алии Ҳамадониро аз Осорхонаи Британияи Кабир дастрас намудааст. Нусхаи мазкур бо талош ва саъйи Муҳаммад Гуландом, аз ҷумлаи ҳамсабақони Ҳофиз, ки маҳорати баланди хаттотӣ доштааст, мураттаб гардидааст. Эраҷи Гулисурхӣ дар 125 саҳифа дар бораи шахсият, рӯзгор ва ин асари пурарзиши Алии Ҳамадонӣ маълумоти ҷолиб баён намудааст. Муҳаққиқ ишора менамояд, ки Алии Ҳамадонӣ дар сафари дувум ба Шероз, бо яке аз шогирдонаш Сайид Ашраф Ҷаҳонгир бини Сайид Муҳаммад Иброҳими Симнонӣ барои дидорбинӣ ва зиёрати Хоҷа Ҳофиз рафта бошанд. Сайид Ашраф Ҷаҳонгир дар рисолаи “Латоиф-ул-ашроф” ин маълумотро тасдиқ менамояд. Матлаби мазкур дар саҳифаҳои 282-310 тазкираи “Суфиёни Бангола” низ оварда шудааст.
Дар такя ба таҳқиқоти мазкур Муҳаммад Риёз, Сайид Ашраф Зафар, Парвизи Азкоӣ, аз олимони тоҷик М. Султонзода ва М. Маҳмадова андешаҳои хешро перомуни ин рисолаи адиб баён намудаанд. Муҳаммад Риёз дар боби таркиботи «Шарҳи муродот» чунин навиштааст: «Алфози ирфонии зерро дар каломи Ҳофиз дар бар дорад: тарсобача, буту шоҳид, дайру харобот, габру кофир, май, зуннор, канисаву калисо ва куништ, ёр ва маҳбубу дӯст, ғамзаву бӯса, лабу даҳон, қаллошу қаландар, чашму абру, масту шоҳид, хаммору бодафурӯш, маҳбуб, матлуб, моҳи сиём, ид, баҳор, майхона, шароб, қадаҳ, висол, фироқ, маъшуқ, ошиқ, гул, булбул, шабхезу саҳархон, толиб, дӯш, об, сабо, рақиб, пири муғону муғбача дар ин маонӣ такрор корфармост ва дар ҳар маврид маонии тозаро баён кардааст».
Парвизи Азкоӣ дар китоби “Мири Ҳамадон” зикр менамояд, ки асари “Шарҳи муродоти девони Ҳофиз”-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Осорхонаи Британиё ва китобхонаи марказии Донишгоҳи Теҳрон маҳфуз мебошад. Муаллиф ёдовар мешавад, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар як аср бо Хоҷаи бузург умр ба сар бурда, дар яке аз сафарҳояш бо ӯ мулоқот намудааст ва ин таълифот илҳомотест аз вохӯрии эшон. Азкоӣ зикр менамояд, ки Алии Ҳамадонӣ дар ин рисола баъзе маъноҳои ирфонии каломи Ҳофизро тавзеҳ додааст.
Донишманди тоҷик Моҳирхуҷа Султонзода низ дар ҷилди аввали “Осори мунтахаби Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ”, ки соли 1994 бахшида ба 680-умин солгарди ин орифи шаҳир чоп шуда буд, таҳияи асари мазкурро аз нашри доктор Муҳаммад Риёз бо тавзеҳот ва луғот пешкаши хонандагон гардонда буд.
Равиши шарҳу баёни Алии Ҳамадонӣ дар рисола ҷолиб аст. Ҳамадонӣ, вақте ки ба шарҳи мафҳуми «соқӣ» ва таркиби «ҳадиси сарву гулу лола» мерасад, бидуни зикри байт, фақат онро пеши назар оварда, шарҳашро тааллуқ ба қиссае дониста, он қиссаро, ки баъдҳо бисёр шуҳрат ёфтаву то кунун дар мавридҳои зарурӣ такрор мешавад, нақл кардааст. Байти мавриди назар чунин аст:
Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад
В-ин баҳс бо салосалаи ғассола меравад.
«Айзан шарҳи соқӣ, ҳадиси сайри гулу лола меравад. Шарҳи ин байт тааллуқ ба қиссае дорад, ки рӯзе подшоҳи кишвари Бангола барои тафарруҷ саёҳат савор шуда буд ва дар хонаи вазир се духтар буд, номи яке Сарв ва номи дуюм Лола ва номи сеюм Гул буд. Эшон хоҳаронро таҳияи дидан бар бом рафта буданд ва подшоҳро диданд ва ба назари подшоҳ ҳам афтоданд. Боз подшоҳ дар боғ омад ва маҷлис сохт. Вазирро соқӣ кард ва фармуд: «Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад». Баъд аз он фармуд, ки мисраи ин кӣ бигӯяд? Ҳеҷ кас гуфтан натавонист. Баъзе гуфтанд, ки шоире дар Шероз аст, агар касе пеши ӯ биравад, мисраи дуюм бигӯяд. Подшоҳ вазирро таъин кард ва бисёр туҳфа ба ҳазрати Ҳофиз фиристод. Баъд аз муддате пеши Хоҷа расид ва туҳфаро пеши вай ниҳод ва ҳазрати Хоҷа Ҳофиз туҳфаро ба фақирон дод ва фармуд, ки барои чӣ кор омада? Вазири мазкур тамоми кайфият арз кард, ки як мисраъ подшоҳ иншо фармуд, дувум мисраъ гуфтан касе набитвонад. Ҳазрати Хоҷа Ҳофиз ҳамон рӯз ин ғазалро иншо фармуданд.
Барои дарки саҳеҳи матлаби дар иқтибоси боло баёншуда ғазали Хоҷа Ҳофизро ба таври пурра меоварем:
Соқӣ, ҳадиси сарву гулу лола меравад,
В-ин баҳс бо салосаи ғассола меравад.
Май деҳ, ки наваруси чаман ҳадди ҳусн ёфт,
Кор ин замон зи санъати даллола меравад.
Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд,
З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.
Тайи макон бубину замон дар сулуки шеър,
К-ин тифли якшаба раҳи садсола меравад.
Он чашми ҷодувонаи обидфиреб бин,
К-аш корвони сеҳр зи дунбола меравад.
Аз раҳ марав ба ишваи дунё, ки ин аҷуз,
Маккора менишинаду муҳтола меравад.
Боди баҳор мевазад аз гулситони шоҳ
В-аз жола бода дар қадаҳи лола меравад.
Ҳофиз, зи шавқи маҷлиси Султон Ғиёсиддин
Ғофил машав, ки кори ту аз нола меравад.
Ҳарчанд ки ин ғазал дар рисолаи «Шарҳи муродоти девони Ҳофиз»-и Алии Ҳамадонӣ оварда нашудааст, вале калимаву ибороти он, аз қабили «майи салоса», «салосаи ғассола», «маҳбуб», «соқӣ» ва амсоли ин дар рисола шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.
Аз равиши нақли қиссаи мазкур як усули маъмулии шарҳи матлаб мушоҳида мешавад, ки тавзеҳи каломи шоир ба воситаи қавли худи ӯст. Чунонки дар мавриди тавзеҳи «майи сесола» ба каломи худи Ҳофиз истинод шудааст. Ин навъи тавзеҳи каломи шоир ба навъе «шарҳи худӣ»-ро пеши назар ҷилвагар месозад.
Воқеан, ҳарчанд Ҳофиз то кунун бештар ҳамчун шоири ринд муаррифӣ гаштааст, матолиби рисолаи мазкур ба он раҳнамоӣ мекунад, ки Хоҷа Ҳофизро ҳамчун шоири ориф бояд бишиносем. Албатта, ин андеша дар ҳофизшиносӣ қобили қабул нест. Шояд таҳти мафҳуми «тасаввуф» Алии Ҳамадонӣ «ирфон»-ро ҳам дар назар дорад. Далели ин андеша ба сурати муштарак истифода шудани мафҳумҳои тасаввуфию ирфонӣ дар шеърҳо ва асарҳои мансури адиб мебошад.
Ҳотам АСОЗОДА, доктори илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи А.Рӯдакӣ
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 31.07.2025, №:148