, Панҷшанбе, 18-сентябр

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ДОНИШГОҲ


ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз, 15 сентябри соли 2025,  дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 80-солагии муассиса бо баҳрагирӣ аз сиёсати фарҳангдӯстона ва маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, садорати факултетҳо, устодон ва донишҷӯён мавриди истифода қарор гирифт.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ифтитоҳи марказ таъкид дошт, ки таъсиси ин марказ идомаи мантиқии сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Роҳбарияти олии кишвар дар самти эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон буда, бо ташаббус ва дастгирии роҳбарияти донишгоҳ ҳамчун иқдоми навоварона ва созанда амалӣ гардид.

Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ба сифати пойгоҳи таълимӣ, омӯзишӣ ва амалии замонавӣ барои донишҷӯёни ихтисоси таълими меҳнат заминаи мусоид фароҳам оварда, дар баробари ин, ба таҳкими дониш ва малакаи амалӣ, аз ҷумла дар самти нақшу нигори миллӣ ва тарзи духтани либосҳои миллӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад.

Дар доираи фаъолияти марказ, нуқтаи махсуси дӯхти либосҳо низ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки тавассути он донишҷӯдухтарон ва шахсони ҳавасманд метавонанд берун аз машғулиятҳои дарсӣ ба омӯзиши ҳунари чеварӣ ва дӯзандагӣ ҷалб гарданд. Ин иқдом на танҳо ба рушди малакаҳои амалӣ ва касбии донишҷӯён мусоидат мекунад, балки дар ҷалб ва бедор намудани шавқи онҳо ба ҳунармандӣ ва эҳёи фарҳанги милл мусоидат хоҳад намуд.

Зимни ифтитоҳ таъкид гардид, ки ин нуқтаи дӯзандагӣ, ҳамзамон, барои духт ва таъмини либосҳои махсуси кормандони бахши хоҷагии муассиса низ равона гардида, ҳамчун як иқдоми иқтисодӣ ва амалии худтаъминкунӣ мақоми муҳимро касб мекунад.

Ифтитоҳи чунин марказҳои ҳунаромӯзӣ дар заминаи сиёсати фарҳангиву иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати равшани таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи суннатҳои миллӣ, рушди санъати мардумӣ ва тарбияи насли худогоҳ мебошад.

Ин ташаббуси наҷиб баёнгари ҷаҳду талошҳои роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар ҳамоҳангӣ бо сиёсати давлатии маориф ва фарҳанг буда, намунаи ибратбахши созандагиву бунёдкорӣ дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи 80-солагии донишгоҳ арзёбӣ мегардад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!