,
Сешанбе, 10-декабр
Санаи 10-уми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси вилоятии илмӣ – назариявӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии занон дар соҳаи илм таҳти унвони “Занон ва рушди илми муосир” баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, гуфтанд: “Воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакатамон ҷиҳати ҷалби занону бонувон ба хизмати давлатӣ бисёр тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудааст, ки ҳамаи ин иқдомот масъулияту нақши занону бонувонро дар рушду таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам ҷиддитару муввазафтар мегардонад.”
Инчунин, аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занони ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Маҳмудзода Руъё Сафарӣ сухани шодбошӣ шунида шуд.
Сипас, Иззатова Муҳаббат, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ ДДК дар мавзуи “Эҳтироми зан эҳтироми-миллат аст”, Ашурова Нодира, доктори илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДК дар мавзуи “Махсусиятҳои диди бадеии Фирдавсӣ ва Низомӣ дар офариниши нақши занон (дар мисоли “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ва “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ)”, Қурбонова Умеда, номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедраи илмҳои компютерӣ дар мавзуи “Фарҳанги рақамӣ-омили муҳим дар рушди касбияти мутахассиси замони муосир” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Конфронс дар ду бахш: “Мавқеи зан дар ҷомеаи муосир” ва “Нақши занон дар рушди илм” бо шунидани 97 маърӯзаи профессорон ва омӯзгорон идома ёфт.
Зикр гардид, ки дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил ёфта, равиши тоза гирифта истодааст. Табиист, ки ҷое занону бонувон ҳаст, назму низом ва самимияту меҳрубонӣ пойдор аст.