,
Панҷшанбе, 11-сентябр
Санаи 11-уми сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мутобиқи талаботи нақшаи чорабиниҳои бахши илм ва инноватсияи донишгоҳ семинар-машварати омӯзишии илмӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ масъулини бахши илм ва инноватсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон, сардори раёсати илм ва инноватсия Расулзода Лутфия ва ҳайати устодони донишгоҳ, ки дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд, инчунин муҳаққиқону пажуҳишгарони ҷавон, докторантони PhD ва унвонҷӯён ширкат варзиданд.
Зимни баргузории семинар, масоили муҳими марбут ба марҳилаҳои тадқиқоти илмӣ, тағйиротҳои нав дар низоми пешниҳоди корҳои илмӣ ба шуроҳои диссертатсионӣ, талаботи нав ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, риояи меъёрҳои техникӣ ва ахлоқии таҳқиқот, тартиби пешбарии парванда ҷиҳати ноил гардидан ба унвонҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ба иштирокчиён дастур ва тавсияҳои муфид дар самти тартиб додани рисолаҳои илмӣ, таҳияи мақолаҳои тақризшаванда, шеваҳои муосири таҳқиқот, истифодаи манбаъҳои электронӣ ва системаи истиноддиҳӣ пешниҳод карда шуд.