,
Панҷшанбе, 11-сентябр
Санаи 11 сентябри соли 2025 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD- и кафедраи биология ва методикаи таълими он Раҷабов Авзалшоҳ Мирзоевич дар мавзуи “Омӯзиши ҳолати шиддатнокии равонӣ ва физиологии организми хонандагон дар раванди таълим”, зери роҳбарии доктори илмҳои биология, профессор Устозода Мирзо Бобоҷон барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 03.03.01-Физиология баргузор гардид.
Дар муҳокима Исозода Собир-номзади илмҳои таърих, сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтарйёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, Бобозода Бахтиёр-дотсент, мудири кафедраи биология ва методикаи таълими он, Ҳисайнов Далер-номзади илмҳои биология, Давлатмуродзода Мирзомурод-номзади илмҳои педагогӣ ва Қадамов Абдуғаффор-номзади илмҳои ботаника- муаллимони калони кафедраи биология ва методикаи таълими он ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис Мирзоев Салим-доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Бобозода Бахтиёр-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Устоев Беҳруз-номзади илмҳои биология, Ҳисайнов Далер-номзади илмҳои биология баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Раҷабов Авзалшоҳ Мирзоевич бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.