, Душанбе, 14-октябр

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ

 11.02.2023 248

ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНӢ

Имрӯз вохӯрии Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оид ба самтҳои афзалиятноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ректори Донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноибони ректор, садорати факултетҳо ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.

Сипас, Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа суханронӣ намуда, оид ба нуктаҳои муҳими Паём андешаҳои худро баён намуданд. Зикр карданд, ки дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бештару беҳтар аз 70 соли замони Шӯравӣ мебошанд.

Ӯ афзуд: "Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бояд бидонем. Ба қадри озодӣ ва ободии ватан бояд расид. Ҷавононро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро боздорем. Истиқлол на ба ҳар кас муяссар мешавад."

Дар қисмати охир оид ба Паём фикру назарҳои нишастагон шунида шуд.




Ба рӯйхат