,
Якшанбе, 08-декабр
Дар таърихи 8-уми феврал дар хобгоҳи донишгоҳ вохӯрии намояндагони раёсати тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо донишҷӯдухтарони хобгоҳ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотам, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, раиси занон ва духтарони донишгоҳ Рӯзиева Барно, сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Разоқов Наврӯз, мураббияҳо ва дигар мутахассисони раёсати тарбия иштирок доштанд.
Нахуст муовини ректор оид ба тарбия Назаров Ҳотам суханронӣ намуда, чанде аз бандҳои консепсияи милии тарбияро ба донишҷӯдухтарон шарҳ доданд. Зимнан қайд доштанд, ки барои зиндагии беҳтари духтарон дар хобгоҳ тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва онҳоро мебояд аз ин ғамхории садорати донишгоҳ, ки дар зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат қарор дорад нигоҳдорӣ намуда, ба қоидаҳои дар хобгоҳ буда, риоя намоянд.
Сипас муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова баромад намуда, дар мавриди риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, истифодаи дурусти асбобҳои барқӣ, сӯҳбате доштанд. Инчунин қайд намуданд: “Зани тоҷик ин симои миллати тоҷик аст. Шумо гулдухтаронро мебояд бо касб намудани илму дониш ва фаъолият дар тамоми соҳаҳои кишвар саҳме барои ривоҷу равнақи Тоҷикистони азиз дошта бошед”.
Ҳамин тавр вохӯрӣ бо сӯҳбати озод миёни донишҷӯдухтарону намояндагони раёсати тарбия анҷом ёфт.