, Сешанбе, 09-сентябр

ҒАМХОРӢ БА НАСЛИ СОЗАНДА


ҒАМХОРӢ БА НАСЛИ СОЗАНДА

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар пайравӣ аз таъкидоти инсонмеҳваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо донишҷӯёни ятими кулли муассиса баргузор гардид.

Ин чорабинӣ дар доираи таҷлили ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифта, ҳамчун нишонаи дастгирии иҷтимоии қишри эҳтиёҷманд, бахусус донишҷӯёни ятим арзёбӣ мегардад.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, зимни суҳбат аз сиёсати иҷтимоиву инсонмеҳваронаи Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, донишҷӯёнро ба омӯзиши илмҳои замонавӣ, азхудкунии касбу ҳунар ва ташаккули тафаккури созанда даъват намуд. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки ҷавонон бояд дар ҳифзу нигоҳдошти Истиқлоли давлатӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва пешбурди ҷомеа бо касби донишҳои наву замонавӣ ва мутахасиси хубу баркамол гардидан саҳми арзанда гузоранд.

Зимни вохӯрӣ ба донишҷӯёни ятими кулл кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида шуда, инчунин ба онҳо китоби тозанашри устодон ва омӯзгорони донишгоҳ тақдим гардид. Ин иқдом ба хотири боло бурдани маънавиёти донишҷӯён ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар самти таҳсилу омӯзиш амалӣ шуд.

Дар идома таъкид гардид, ки раёсати донишгоҳ иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишварро дар самти дастгирии донишҷӯёни ятиму эҳтиёҷманд сармашқи фаъолияти худ дониста, минбаъд низ тамоми имконияту захираҳои мавҷударо баҳри татбиқи ин ҳадафҳои инсонпарварона сафарбар менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!