, Сешанбе, 09-сентябр

ИҚДОМИ ШОИСТА ДАР ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ВАРЗИШПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


ИҚДОМИ ШОИСТА ДАР ПАЙРАВӢ АЗ СИЁСАТИ ВАРЗИШПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Имрӯз, 8 сентябри соли 2025, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи истиқбол аз 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ пас аз корҳои таъмиру навсозӣ бо иштироки васеи ҳайати меҳмонон мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи иншооти варзишӣ роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Шариф, ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, ҳайати раёсат, устодону донишҷӯён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим ифтитоҳи чунин иншооти варзиширо самараи сиёсати хирадмандона, ҷавонпарварона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар доираи сиёсати созандаи Роҳбари давлат бунёду таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф ва варзиш дар саросари кишвар, хусусан минтақаҳои ҷанубӣ, бо шиддат идома дорад.

Таъкид гардид, ки бунёди чунин инфрасохтори варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ на танҳо барои рушди ҷисмониву маънавии ҷавонон, балки ҳамчун омили муҳими солимгардонии ҷомеа ва таҳкими тарзи ҳаёти солим хизмат мекунад. Дар ҳамин замина, саҳми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рушди соҳаи варзиш ва татбиқи амалии сиёсати ҷавонон ва варзишро муҳиму назаррас арзёбӣ намуданд.

Раёсати донишгоҳ ин иқдомро дар ростои дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои Роҳбарияти олии кишвар ва муҳайё намудани шароити муосир барои таҳсилу рушди донишҷӯён медонад ва изҳор менамояд, ки минбаъд низ тамоми нерӯ ва имкониятҳоро ба самти татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаву варзишдӯстонаи Пешвои муаззами миллат равона хоҳад кард.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!