,
Сешанбе, 09-сентябр
Имрӯз, 8 сентябри соли 2025, дар фазои сулҳу суботи пойдори кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони азиз, дар шаҳри бостонии Кӯлоб 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Ин чорабинии фарҳангию сиёсӣ бо иштироки васеи сокинон, меҳмонон ва намояндагони сохторҳои гуногун дар сатҳи баланд баргузор шуд.
Ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дарки баланди масъулият ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ дар ин ҳамоиши пуршукуҳи миллӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар доираи чорабинӣ, дастовардҳои илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии донишгоҳ дар намоишгоҳи махсус ба ифтихори Рӯзи Истиқлол муаррифӣ гардиданд, ки таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб намуд.
Таҷлили бошукуҳи ин санаи сарнавиштсоз бори дигар собит кард, ки насли наврасу ҷавон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ба арзишҳои Истиқлол, Ваҳдат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқона пойбанданд.