,
Шанбе, 21-декабр
Дар доираи татбиқи Созишномаи ҳамкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Алтайи Федератсияи Россия бахшида ба РӮЗИ ИЛМИ РОССИЯ ва 150 солагии адиби рус Михаил Пришвин донишҷӯёни факултети филологияи рус дар лексияи кушоди онлайнии профессори Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Алтай, Е.А.Худенко ширкат варзиданд.
Дар ибтидои лексия муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова коллективи Донишгоҳи давлатии педагогии шаҳри Алтай ва дар шахсияти онҳо олимону муҳаққиқони Федератсияи Россияро бо Рӯзи илми Россия табрику таҳният гуфта, барояшон комёбиҳои назарраси илмию эҷодӣ таманно намуд.
Ёдрас менамоем, ки тибқи нақшаи муштараки ҳарду донишгоҳ ҳафтаи 2-юм ва 4–уми ҳар моҳ вохӯриҳо, дарсҳои онлайнӣ ва мизҳои мудаввар дар доираи масъалаҳои мубрами таълими забон ва адабиёти рус ва методикаи таълими забон ва адабиёти рус баргузор карда мешаванд.