,
Якшанбе, 07-сентябр
Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, нерӯи созандаи ҷомеа ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем.
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бонувон воқеан баъд аз қарнҳои тӯлонӣ истиқлолияти аслиро таъмин намуд. Маҳз ҳамин истиқлолият буд, ки имрӯз бонуи тоҷик дар ҳама давлатҳои дунё кору фаъолият намуда, духтарони зиёде паи таҳсил ва ба даст овардани тахассусеанд, ки ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳон аст.
Дар ҳолатҳои муқовиматҳои низомӣ маълум аст, ки занон ба қишри осебпазири ҷомеа табдил меёбанд. Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст аз соли 1994 мавқеи занон дар сохторҳои гуногуни давлатӣ аз ҷониби мардҳо танг карда шуд. Ин ҳолат сабаб гардид, ки масъалаи мазкур аз ҷониби занҳо ҳамаҷониба омӯхта ва баррасӣ гардад. Бинобар ин Иттифоқи онвақтаи занони Тоҷикистон ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли 1995 номаи махсус таҳия намуда, онро ба Президент ирсол намуданд.
Роҳбари оқилу ғамхори мо масъалаи мазкурро хеле ҷиддӣ омӯхта, сари вақт қарорҳои қатъӣ қабул намуданд, ки тибқи ин қарорҳо чандин иқдомҳо, аз ҷумла мавқеи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда хоса дар яке аз мақомҳои роҳбарикунандаи ҳокимияти маҳаллӣ муайян гардид. Квотаи махсус барои таҳсили духтарони минтақаҳои дурдаст ва кӯҳистон дар мактабҳои олӣ таъин шуд.
Шукрона аз истиқлолияти бадастоварда ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки имрӯз бонувони тоҷик имкон доранд дар ҷараёни баррасӣ ва қабули масоили муҳими идораи давлатӣ ширкат намоянд. Дар ҷумҳурӣ барои ҳимояи манфиатҳои занон дар ҳама бахшҳои ҳаётан муҳим шароити ҳуқуқӣ фароҳам гардидааст.
Таи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат ба масъалаи дастгирии занону модарон барои баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа чораҳои мушаххас рӯи кор овардааст. Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа 3.12.1999, Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010, Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии он» ва дигар санадҳои муҳими сиёсие, ки аз тарафи Ҳукумати кишвар қабул гардиданд, ба фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди ҳамаҷонибаи зани тоҷик равона шудаанд. Давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон занро ҳамчун қувваи пешбаранда ва як ҷузъи муҳими ҷомеа эътироф намуда, иштироки ӯро дар тамоми ҷанбаҳо, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёти кишвар ногузир медонад.
Таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими қонунияту тартибот, волоияти қонун қабл аз ҳама ҳисоботи он аст, ки бе ташаккул додани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз поён то ба боло дигаргунии ҷиддиеро дар зиндагӣ умедвор шудан ғайриимкон аст.
Боиси тазаккур аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 аъзои Комиссияи СММ оид ба мақоми зан гардид, ки ин худ нишонаи амиқи талошҳои пайвастаи роҳбари давлат дар масъалаи муаррифӣ намудани мақоми занон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Дар замони кунунӣ бо шарофати истиқлоли кишвар иштироки занҳо дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ эҳсос карда мешавад ва зани тоҷик бо баробари шинохти мақому манзалати хеш дар сохторҳои мухталифи давлат фаъолият мебаранд. Бояд қайд намуд, ки он кишвар ё ҷомеае, ки арзишу мақоми ин қишри ҷомеаро эҳтирому пос медорад, ҳамон ҷомеа аз маданияту фарҳанги баланде бархӯрдор аст. Имрӯзҳо занони кишвар ҳуқуқи ширкат дар ҳамагуна маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ доранд ва албатта, кам нестанд теъдоди занони сиёсатмадор, ки дар умури давлатӣ кору фаъолият мебаранд. Новобаста аз ин занон дар ҷомеаи кунунӣ соҳибҳуқуқу соҳибраъянд. Симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми кӯҳанбунёду фарҳангпарвар ва хештаншиноси мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебопараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.
Шарифова Бунафша-муаллими калони кафедраи биология ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ