,
Якшанбе, 07-сентябр
Санаи 6 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нахустин ҳамоиши Ҷамъияти илмии донишҷӯён дар соли таҳсили 2025-2026 баргузор гардид, ки он ба истиқболи 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Дар ҳамоиш сардори маркази рушди касбият ва инноватсия ва донишҷӯёни фаъоли узви ҷамъияти илмӣ иштирок намуданд. Зимни он перомуни арзишҳои истиқлолу озодӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши созандаи ҷавонон дар таҳкими давлатдории миллӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки истиқлолият на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки сарчашмаи ҳама гуна пешрафт ва озодандешии миллист. Ҳамоиш бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷамъбаст гардид.