, Якшанбе, 07-сентябр

ИСТИҚЛОЛИЯТ-ДАСТОВАРДИ БЕБАҲОИ ДАВЛАТ


ИСТИҚЛОЛИЯТ-ДАСТОВАРДИ БЕБАҲОИ ДАВЛАТ

Бо чунин ном имрӯз,  6-уми сентябри соли 2025, дар остонаи ҷашни пурифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ҳайати устодону донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуда, доир ба аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Истиқлол ҳамчун сарчашмаи ҳастии миллӣ ва заминаи воқеии пешрафту тараққиёти кишвар изҳори андеша намуданд.

Дар рафти баромадҳо аз ҷониби садорати факултетҳо ва ҳайати устодон масъалаҳои марбут ба нақши Истиқлол дар рушди забон ва адабиёт, озодии баён, вусъати худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги тоҷик мавриди баррасии илмӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, донишҷӯёни факултет бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ порчаҳои шеърӣ аз ашъори шоирони маъруфи тоҷик дар васфи истиқлолият ва Ватан қироат намуда, рӯҳияи идонаи чорабиниро боз ҳам ҷазбатар сохтанд.

Ҳамоиш бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангии донишҷӯён ва таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ дар замири онҳо баргузор гардид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!