,
Якшанбе, 07-сентябр
Имрӯз, 6-уми сентябри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Истиқлолият ва эъмори давлатдории миллӣ: нигоҳе аз назари илм ва ватандӯстӣ" баргузор гардид. Ин ҳамоиш дар остонаи ҷашни муқаддасу тақдирсози миллат - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - бо ҳузури васеи устодони донишгоҳ ва донишҷӯён баргузор шуд.
Конференсия бо суханронии дотсент- Камолзода Шодмон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия оғоз гардид. Таъкид карда шуд, ки Истиқлол ҳамчун сарчашмаи эҳёи давлатдории миллӣ ва оғози марҳилаи нави худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ба шарофати Истиқлолият Тоҷикистон тавонист низоми сиёсии мустақил, сиёсати хориҷии мутавозин ва рушди устувори иҷтимоиву иқтисодиро роҳандозӣ намояд.
Дар идома бо маърӯзаи пурмуҳтаво таҳти унвони "Нақши истиқлол дар сарнавишти зани тоҷик" дотсент Шарифзода Одинамо Пирназар-муовини ректор оид ба тарбия, баромад карда, нақши озодӣ ва истиқлолро дар рушди иҷтимоиву сиёсии занон ва густариши имкониятҳои онҳо дар ҷомеаи муосир бо далелҳои возеҳ шарҳ доданд. Ӯ таъкид дошт, ки дар фазои истиқлоли комил, зани тоҷик ҳамчун нерӯи созанда ва посдори фарҳангу маърифат дар сафи пеши ҷомеа қарор гирифтааст.
Дотсент Холиқов Сафар Сайфиддинович, номзади илмҳои кимиё, дар маърӯзаи худ "Истиқлолият - сутуни устувори давлатдории тоҷикон" таъкид намуд, ки истиқлолияти давлатӣ танҳо як рамзи сиёсӣ набуда, балки пояи устувори тамоми сохторҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Вай бо мисолҳои мушаххас нишон дод, ки чӣ гуна дар даврони истиқлол илм, маориф ва фарҳанги миллӣ рушди бесобиқа ёфтанд.
Дар идома, Шарипов Сафаралӣ Раҷабалиевич- номзади илмҳои физика ва математика, бо маърӯзаи таҳлилӣ зери унвони "Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар замони Истиқлол" баромад намуда, аҳамияти рушди илмҳои дақиқро дар бунёди ҷомеаи илмбунёд ва рақобатпазир тавзеҳ дод. Ӯ зикр кард, ки давлат бо сиёсати ҳадафмандона ба рушди илмҳои табиӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, инфрасохтори таълимӣ ва лабораторӣ дар даҳсолаҳои охир куллан дигаргун шудааст.
Кори конфронс бо маърӯзаи Ҳайёев Қиёмиддин, номзади илмҳои иқтисодӣ, таҳти унвони "Ташаккули инфрасохтори муосири бонкӣ - омили муҳими рушди пардохтҳои ғайринақдӣ" идома ёфт. Вай равшан намуд, ки рушди технологияи молиявӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ кишварро ба самти иқтисоди муосир ва рақамӣ раҳнамун сохтааст.
Конференсия бо баҳсҳои пурмуҳтаво, табодули афкор ва натиҷагирии сиёсӣ-фарҳангӣ ба анҷом расид. Ҳозирин иброз доштанд, ки чунин ҳамоишҳои илмӣ на танҳо маърифатовар ва омӯзишӣ мебошанд, балки дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва бедории фикрии насли ҷавон нақши калидӣ мебозанд.