, Шанбе, 06-сентябр

ИСТИҚЛОЛ-ҶАШНИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ


ИСТИҚЛОЛ-ҶАШНИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

6 сентябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Шукӯҳи Истиқлол" дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши бошукӯҳ, ки ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, ҳайати раёсат, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, устодон, донишҷӯён ва аҳли фарҳанг гирди ҳам омаданд, то якҷо эҳтиром ва садоқати худро ба ин рӯзи муқаддас изҳор намоянд.

Чорабинӣ бо иҷрои зиндаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, ба фазои толор рӯҳияи баланди ватандорӣ ва худшиносии миллӣ эҳдо намуд.

Дар сухани ифтитоҳии худ, ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, ҳозиринро ба муносибати ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз-Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, таъкид намуданд, ки маҳз истиқлолият ҳамчун рукни муҳими давлатдории навин барои тоҷикон имкони эҳё ва пойдории арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва бунёди як ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёдро фароҳам овардааст.

Дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо ифтихор аз таҳаввулоти назаррасе, ки Тоҷикистон дар даврони истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар кардааст, иброз дошт, ки имрӯз мо дар остонаи ҷашни 34-солагии Истиқлол қарор дорем ва бо ифтихор метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар ин марҳила тавонистааст ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демокративу дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи устувор пайдо намояд.

Суханронии Қурбонзода Наргис-роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, низ саршор аз муҳаббат ба Ватан ва шукргузорӣ аз истиқлол буд. Ӯ таъкид намуд, ки истиқлолият барои миллати тоҷик на танҳо орзуи ҳазорсолаҳо, балки сарчашмаи асосии ифтихору худшиносии миллӣ мебошад. Вай афзуд, мо бояд бо тамоми ҳастӣ арзишҳои истиқлолро пос дорем ва барои таҳкими он, барои наслҳои оянда, масъулият эҳсос кунем.

Қисмати сиёсиву таҳлилии чорабинӣ бо маърӯзаи пурмуҳтаво ва илмии дотсент Муродова Гулчеҳра-мудири кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ, дар мавзуи «Истиқлолияти давлатӣ-марҳилаҳои эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон» идома ёфт. Устод бо далелҳои таърихиву сиёсӣ равшан намуд, ки истиқлолият барои миллати тоҷик танҳо як воқеаи сиёсӣ набуда, балки оғози марҳилаи нави таърихӣ дар роҳи худшиносии миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш як гурӯҳ устодон ва кормандони сохторҳои гуногуни муассиса, ки дар пешбурди корҳои маърифативу ватандӯстӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Сипосномаи раёсати донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо барномаи рангини ансамбли “Наво”-и бахши фарҳанги донишгоҳ, ки сурудҳои ватандӯстона, рақсҳои миллӣ ва навои рӯҳбаландкунандаро фаро гирифта буд, идома кард. Ин барнома бозгӯи ҳамон рӯҳу шукӯҳи миллате буд, ки имрӯз бо пояи устувори истиқлол ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мегузорад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!