, Шанбе, 06-сентябр

МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ҲОШИЯИ ИСТИҚБОЛ АЗ 80-СОЛАГИИ ДОНИШГОҲ


МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ҲОШИЯИ ИСТИҚБОЛ АЗ 80-СОЛАГИИ ДОНИШГОҲ

Субҳи рӯзи 6-уми сентябри соли 2025 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки ҳайати раёсати донишгоҳ, устодону кормандон ва донишҷӯён машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Ин иқдом дар ҳошияи таҷлили ҷашни 80-солагии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Машқи пагоҳирӯзӣ ҳамчун анъанаи солимгардонӣ ва тарғибгари тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа арзишманд буда, дар таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муассир дорад. Инчунин варзиш танҳо як воситаи обутоб додани бадан набуда, балки омили муҳими баландбардории ирода, ҳамбастагӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон маҳсуб меёбад.

Таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, хусусан бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри рушду пешрафти инфрасохтори варзишӣ, таъсиси иншооти муосир ва ҷалби ҷавонон ба намудҳои гуногуни варзиш заминаи мусоид барои ташаккули ҷомеаи солим фароҳам овардааст.

Дар заминаи таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба соҳаи варзиш ва омавигардонии он раёсати донишгоҳ  дар доираи Нақшаи тасдиқнамудаи машқҳои пагоҳирӯзии дастаҷамъона устодону донишҷӯёнро ҳар рӯзи шанбе, субҳи барвақт бо дарназардошти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таъмини иштироки фаъолонаи донишҷӯён ба машғулиятҳои варзишӣ ҷалб менамояд. Ин иқдом дар баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва равонии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён, инчунин таҳкими муҳити дӯстӣ ва ҳамраъйӣ миёни онҳо муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар поёни машқ, иштирокчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз изҳор намуданд, ки минбаъд низ дар ҳама гуна иқдомҳои созандаву варзишӣ фаъолона ширкат хоҳанд варзид ва ба сифати донишҷӯёни фаъоли ҷомеаи муосир саҳми сазовор хоҳанд гузошт.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!