, Ҷумъа, 05-сентябр

ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КИТОБ


ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КИТОБ

Санаи 4 сентябри соли 2025 дар китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи китоб баргузор гардид. Ин ҳамоиш дар партави сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба китоб ва китобхонӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад ва ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон доир ба эълон гардидани соли 2025 ҳамчун "Соли фарҳанги китобхонӣ" баргузор шуд.

Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон, сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Расулова Лутфия, дотсент Холиқов Сафар, мудири китобхона Иброҳимов Бобоҷон, муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Шоҳинов Ҳасан, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Дар оғози ҳамоиш, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Камолзода Шодмон суханронӣ намуда, бо таъкид ба аҳамияти китоб дар ҳаёти шахсӣ ва иҷтимоии инсон иброз дошт, ки дар кишвари азизи мо 4 сентябр ҳамчун Рӯзи китоб ҷашн гирифта мешавад. Ин сана на танҳо рамзи эҳтиром ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ, балки ташвиқ ба мутолиа ва таҳкимбахши ниёз ба дониш аст. Ӯ зикр намуд, ки эълони соли 2026 ҳамчун "Соли фарҳанги китобхонӣ" иқдоми саривақтӣ ва муассир Ҳукумати вилояти Хатлон буда, дар роҳи тарбияи маънавии насли наврас ва ташаккули ҷомеаи босаводу пешрафта саҳми босазо хоҳад гузошт.

Бо ишора ба нақши муассисаи таҳсилоти олӣ дар рушди маънавиёти донишҷӯён, дотсент Камолзода Шодмон аз имкониятҳои мавҷудаи китобхонаи донишгоҳ ёдовар шуд. Қайд гардид, ки китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо беш аз 100 ҳазор нусха китоб, аз ҷумла осори нодир ва арзишманд, фазои мусоиду шароити хуби мутолиаро барои донишҷӯён, омӯзгорон ва муҳаққиқон фароҳам овардааст. Раёсати донишгоҳ пайваста барои ғанигардонии захираи фонди китобхона, дастрасӣ ба китобҳои тозанашр ва таъмини китобҳои электронӣ тадбирҳои судманд меандешад.

Дар идомаи ҳамоиш, аз ҷониби устодону донишҷӯён маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардид. Муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Шоҳинов Ҳасан дар мавзуи “Китоб -ганҷинаи маърифат”, дотсент Холиқов Сафар дар мавзуи “Таъсири китобхонӣ ба рушди тафаккури инсон”, мудири китобхонаи донишгоҳ Иброҳимов Бобоҷон дар мавзуи “Нақши китобхонаи донишгоҳ дар ташаккули фарҳанги китобхонӣ” ва донишҷӯи курси сеюми факултети филологияи тоҷик ва журналистика- Мафтунаи Сафархон, дар мавзуи “Китоб ва ҷомеаи имрӯза”  маърӯза ироа намуданд.

Зикр гардид, ки ҳар китоб равзанаест ба сӯи ҷаҳони маърифат ва дониш, ки инсонро аз торикӣ ба рӯшноӣ мебарад. Бо мутолиаи китоб на танҳо ҷаҳонбинӣ васеъ мегардад, балки инсон имкон пайдо мекунад, ки аз таҷрибаи гузаштагон сабақ гирад ва барои созандагии фардо саҳм гузорад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!