, Ҷумъа, 05-сентябр

ТАДБИРИ ВАТАНДӮСТОНА


ТАДБИРИ ВАТАНДӮСТОНА

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ҳадафи таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар ҳошияи истиқболи ҷашни мубораки Истиқлолияти давлатӣ тамошои дастаҷамъонаи филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” баргузор гардида истодааст. Ин тадбири муҳими тарбиявӣ, ки бо ташаббуси роҳбарияти муассиса ва бо ҷалби донишҷӯёни даҳ факултети донишгоҳ ҷиҳати шинохти бештари наслҳои наврасу ҷавон аз корномаи давлатдориву давлатсозии фарзанди фарзонаи миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.

Филми мазкур, ки саҳфаҳои нодири таърихи муосири Тоҷикистон ва саҳми беназири Пешвои миллатро дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ бозгӯ мекунад, дар қалби ҷавонон шӯълаи гарми ифтихор ва муҳаббат ба Ватанро фурӯзон месозад. Ин иқдом намунаи барҷастаи тарбияи ватандӯстӣ дар шароити муосир буда, баёнгари саҳми муассисаҳои таълимӣ дар таҳкими худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои истиқлолу озодӣ мебошад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!