,
Ҷумъа, 05-сентябр
Имрӯз, 3 сентябри 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади амалӣ гардонидани ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳкими рӯҳи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар миёни ҷавонон, вохӯрии судманд миёни вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши маърифатӣ ва тарбиявӣ вакилони Маҷлиси намояндагон - Ҳакимзода Шариф Саид (аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб-36), Ҳақназарзода Фирӯз (аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ), намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳайати маъмурию профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Ҳамоишро муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ, дотсент Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад оғоз намуда, бо ибрози хушнудӣ аз ташрифи вакилони мардумӣ ба донишгоҳ, зикр кард, ки чунин мулоқотҳо дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тафаккури ватандӯстона ва ҳисси масъулияти шаҳрвандии донишҷӯён нақши муҳим мегузорад.
Зимнан таъкид дошт, ки донишгоҳ ҳамчун муассисаи олӣ ва муҳити маънавии ташаккули ҷаҳонбинии насли ҷавон, дар амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат вобаста ба тарбияи шаҳрвандони содиқу худогоҳ, рисолати бузург ба дӯш дорад. Маҳз тавассути чунин мулоқотҳо мо на танҳо паёми ваҳдату созандагиро ба насли наврас мерасонем, балки заминаи устувори маънавӣ барои худшиносиву худогоҳии ҷавонон мегузорем.
Дар идомаи вохӯрӣ вакили мардумӣ, раиси фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар Ҳакимзода Шариф Саид суханронӣ намуда, ҷомеаи донишгоҳро ба муносибати соли нави таҳсил ва 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфт. Вай бо ифтихор аз дастовардҳои даврони истиқлол ва нақши Пешвои миллат дар рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҳаёти кишвар ибрози андеша намуда, ёдовар шуд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти раҳнамоии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари орому мутараққӣ табдил ёфтааст. Нақши ҷавонон дар таҳкими пояҳои истиқлол ва пешбурди ислоҳоти давлатдорӣ бунёдӣ буда, онҳо бояд бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, барои рушду нумӯи ҷомеа бо дониш, масъулият ва садоқат хизмат намоянд.
Ҳақназарзода Фирӯз низ дар суханронии худ, аҳаммияти таҳкими маърифати сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлатӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосирро махсус таъкид намуд. Ӯ донишҷӯёнро ба истифодаи оқилона аз шабакаҳои иҷтимоӣ, дурӣ ҷустан аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна, саҳмгузорӣ дар ободии кишвар ва ҳифзи муқаддасоти миллӣ даъват кард.
Дар рафти вохӯрӣ инчунин доир ба масоили рушди парламенти касбӣ, тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва нақши он дар таҳкими сулҳу амният ибрози назар сурат гирифт.
Дар қисмати охири ҳамоиш иштирокчиён саволҳои худро доир ба масоили гуногуни ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва имкониятҳои таҳсилу рушди шахсӣ матраҳ намуда, ҷавобҳои муфид ва қонеъкунанда дарёфт карданд.